Коршинос: мухолифоти Душанбе ва Тошканд ба амнияти минтақа хатар дорад

© Фото : Предоставлено Дмитрием ПоповымДмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии Донишгоҳи Урал. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии Донишгоҳи Урал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зарурати барқарор намудани муносиботи байни Тоҷикистону Узбакистонро Дмитрий Попов, роҳбари Маркази тадқиқотии Донишгоҳи Урал шарҳ медиҳад.

Охирҳои моҳи сентябри соли 2016 вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон сафар кард, ки аз ҷониби президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд. Тасодуфан ва ё на, ин аввалин сафар ба мамлакати хориҷ баъди иваз шудани ҳукумати Узбакистон буд.

Ин қадам ва ҳамчунин суханронии "нарм"-и ҷониби Узбакистонро дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ оид ба мушкилоти об, аксари коршиносон чун нишонаи омода будани Узбакистон барои барқарор кардани муносиботи байни ду кишвар шарҳ доданд.

"Гармшавии" муносибот

Албатта кӯшиши ду кишвари ҳамсоя, ки солҳои дароз муносиботи наонқадар хуб доранд, барои рушди онҳо нишонаи мусбат дорад, вале эҳтиёткорона. Имрӯзҳо умқи мухолифоти ҷамъгашта хело бузург аст, ки дар навбати худ сабабҳои таърихӣ низ дорад.

Станислав Притчин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Притчин: мухолифоти байни Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мемонад

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ чуноне маълум аст, Узбакистон дар якҷоягӣ бо Русия тарафдори фронти мардумӣ буд. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тошканд аз ин кишвар садоқатмандии бештарро интизор буд.

Ҳодисаи соли 1998-ум (ҳангоме, ки аз ҷониби Узбакистон гурӯҳи мусаллаҳонаи полковник Худойбердиев дар вилояти Суғд ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода буд), аз ҷониби Душнабе чун ҳодисаи нохалаф қабул карда шуд.

Ин гурӯҳ баъди бастани сулҳ ба фикри ҳукумати Тоҷикистон дар баъзе аз минтақаҳои Узбакистон гурӯҳҳои мусаллаҳи худро ташкил дода дар он ҷо барои ҳамла ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад.

Баъди ду сол ҳодисае рух дод, ки ба назари нозирони хориҷа, чун вокуниши Душанбе ба ҳодисаи Худойбердиев менамуд: ин дафъа ба самти муқобил-аз тариқи Тоҷикистон ба сӯи Узбакистон-аъзоёни гурӯҳи террористии Ҳаракати исломии Узбакистон, ки мақсади сарнагун кардани низоми Каримовро доштанд, ба амал омад.

Дар ҳарду маврид ҳам барои ҳарду ҳукумат ба хотири аз байн бурдани ин ҳуҷумҳои мусаллаҳони қувваи бузург лозим шуд.

Нидоҳои он айём ҳамчунин минаҳое мебошанд, ки он давраҳо дар сарҳадҳои ҳарду кишвар гузошта шуда буданд, ки то ҳол боиси марги мардуми таҳҷоӣ мегарданд.  Ва дар охир ин нофаҳмиҳо оиди 20%-и қаламрави сарҳадии ду кишвар аст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва боиси даргириҳо мегардад.

Ҳамчунин Узбакистон боз як  бозии сиёсии худро ҳам дошт. Сухан дар бораи номзадии собиқ сарвазири кишвар Абдуллоҷонов, ки бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат мекард, ва соли 1994-ум номзадии худро ба симмати президентӣ гузошта буд, меравад.

Чанде баъд ӯ ба табадуллоти давлатӣ мутаҳҳам карда шуда, маҷбур шуд кишварро тарк кунад. Абдуллоҷонов-намояндаи шимол, "минтақаи саноатии Тоҷикистон", ки чун анъана Тошканд ба доираҳои ҳукмрони ин минтақа такя мекард, буд.  Узбакистон аз боло рафтани  вазни сиёсии ҷанубиҳо дар ҶТ дер боз ба худ наомад.

 Талаботҳои иқтисодӣ

Дар натиҷа ба мушкилоти сиёсӣ проблемаҳои иқтисодӣ, қабл аз ҳама мушкилоти обӣ-энергетикӣ зам шуд.

Дар замони Шӯравӣ байни Тоҷикистону Узбакистон мубодилаи захираҳои об ва энергетика мавҷуд буд: ИҶШС Узбакистон дар мавсими гармидиҳӣ ба Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ интиқол дода аз Тоҷикистон бар ивази он об мегирифт.

Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Грозин: Мирзиёев наметавонад мушкилиҳои байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҳал намояд

Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин низом бекор карда шуд. Душанбе дигар маблағи гази Узбакистонро пардохт карда натавонист, ки дар натиҷа қарзҳои он дар афзош шуданд ва  норасоии барқ дар ҶТ шурӯъ гардид (бӯҳрони вазнинтарини барқӣ дар ҶТ  зимистони соли 2008) ба қайд гирифта шуд.

Дар чунин шароит Душанбе дар бораи истеҳсоли барқи худӣ ибрози андеша карда, онро вазифаи стратегии кишвар эълон кард. Қабл аз он, ки оби аз кӯҳ фаромада заминҳои Узбакистонро ҳосилхез намояд, пешниҳод шуд, ки аввал барои тоб додани турбинаҳои нерӯгоҳҳои барқии худӣ истифода шавад.

Миёнаҳои соли 2000-ум ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи бузурги нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар дарёи Вахш шурӯъ кард, ки сохтмонаш ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида ва бо пош хӯрдани ИҶШС аз бозмонда буд.

Вале ҳукумати расмии Тошканд барои ба вуҷуд омадани баландтарин садд дар Осиёи Марказӣ зид баромад.

Агар дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун чун идеяи умумимиллӣ шинохта шуда бошад, дар Узбакистон он чун хатари умумӣ ба т минтақаи Осиёи Марказӣ эълон гардид. Дар ин ҷо аз бисёр чиз тарс буд: норасоии об ҳангоми пур шудани обанбор, ноустувории вазъи сейсмологии минтақа, ба вуҷуд омадани фишанги пурқудрат дар дасти ҳамсоя барои идораи  захираҳои оби кӯҳӣ.

Тадбирҳои ҷавобӣ

Бо мақсади роҳ надодан ба  сохтмони Роғун ҳукумати Узбакистон чораҳои зиёд андешид: зидди лоиҳа маъракаи бузурги иттилоотӣ ва дипломатӣ гузаронида шуд.

Ҷониби Тошканд аз он истифода кард, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони беруна тариқи Узбакистон пайваст мешавад. Тариф барои интиқоли бор тариқи автомобил ва роҳи оҳан қимат карда шуд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистонро бо Тошканд афзалиятнок номид

Дар баъзе аз минтақаҳо (аз ҷумла шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2011 бо ҷануби Тоҷикистон) роҳи оҳан пурра қатъ карда шуд.

Ҷараёни барқ аз тариқи Узбакистон байни Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ қатъ гардид. Интиқоли маблағи узбекони муқими Тоҷикистон баста шуд.

Дар баробари ин ҷорӣ намудани низоми раводиди миёни ду кишвар, вуҷуд надоштани парвозҳои мустақим ва сангин шудани қоидаҳои савдои байнисарҳадӣ ва убури марзро метавон номбар кард.

Ниҳоят соли 2013 Узбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ кард, ки ба кори корхонаҳои бузурги Тоҷикистон чун —заводи аляминибарории ТАЛКО  зарбаи сахт буд ва онҳоро маҷбур кард то яку якбора ба истифодаи ангишт гузаранд.

Чун натиҷа гардиши савдои мутақобилаи байни ду тарафҳо қариб ба сифр баробар шуд. То соли 2015 гардиши савдо 13-12 миллион долларро ташкил дод, дар қиёс бо он, ки даҳ сол пеш Узбакистон ба яке аз се шарики муҳимтарини иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта гардиши савдои миёни онҳо 220 миллион долларро ташкил медод.

Бумбасти нақлиётӣ вусъат гирифт ва нархи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дучанд боло рафт, ки ин дар умум боиси шах шудани рушди иқтисодии кишвар шуд. Зарардидагони асосии ин ҳодиса бошад, шаҳрвандони ҳарду кишвар гардиданд.

Ба ҳами ин нигоҳ накарда, ҳодисаи муҳимтарин, ки тамоми қувваи ҳукумати Узбакистон ба он равона шуда буд, ба вуқӯъ наомад. Ҳукумати Тоҷикистон аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун даст накашид.

Ҳатто замоне, ки аз сохтмони Роғун ташкилотҳои бузурги маблағгузорӣ рӯ гардониданд, ҳукумати кишвар қарор дод, ки онро бо дастони худ бисозанд.

Маълум шуд, ки ҳарду кишвар ҳам дар муносибатҳои худ дар бумбаст қарор доранд ва ба ҷои аз ҳамдигар рӯ гардонидан, бояд аз сари нав муколамаро барқарор намоянд.

Барои барқарор намудани муносибот қадами аввалин соли 2014, ҳангоми сафари Ислом Каримов ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи СҲШ, баъди шаш соли хомӯшӣ гузошта шуд.

Дар ин ҷо роҳбарияти Узбакистон бо ҳамтои тоҷикаш тамоми мушкилоти ҷамъшударо муҳокима кард. Баъди ин дар сатҳи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ алоқа пай дар пай барқарор шудан гирифт ва ин мавзӯъ дар ВАО шиддат гирифта, оҳиста оҳиста гардиши мол барқарор шуд.

Бо вуҷуди ин бояд эътироф кард, ки дар давоми ду сол муносиботи байни ду кишвар ба таври назаррас дигар нашудааст. Аниқтараш ин муносибот шах шудааст ва  чизи наве ба вуҷуд наомадааст.

Нияти муколама

Ва ҳамин тавр моҳи сентябри соли 2016.  Роҳбари ВКХ-и Узбакистон Комилов ба Душанбе сафар карда, паёми Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон овард.

Дар паём президенти муваққатии Узбакистон ба гарм шудани муносиботи байни ду кишвари ҳамсоя изҳори боварӣ кардааст.

Саволе ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат ҳам мумкин аст барқарор намудани муносиботи шикаста ва ё ин танҳо ният аст.

Вале ҷавоб гуфтан ба ин савол кори осон нест. Аз як ҷониб баъди марги Каримов имкон аст, ки муносиботи байни ду кившар аз "сафиҳаи тоза" шурӯъ шавад.

Чун бино ба гуфтаи аксари коршиносон тунд гаштани муносиботи байни ду кишвар аз муносибатҳои шахсии Каримов ва Раҳмон вобаста буд.

Аз тарафи дигар агар чуқуртар назар андозем, дар ҳукумати Узбакистон то ҳол ҳамон гурӯҳи ҳайати мансабдорон боқӣ мондаанд, ки қаблан ба таҳияи сиёсати кишвар нисбати Тоҷикистон машғул буданд.

Аробакаш дар бозор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҳукумати Тоҷикистон бӯҳрони иқтисодиро идора карда наметавонад

Ва умуман бо иваз шудани роҳбари кунунии Узбакистон хилофи бунёдии байни  ҳамсояҳо аз байн намеравад. Тошканд то ҳол сиёсати худро нисбати сохтмони Роғун дигар накардааст, Тоҷикистон бошад тирамоҳи ҳамин сол нақша дорад, ки маҷрои роҳи дарёи Вахшро бандад.

Дар масъалаи сарҳад низ Тошканд ягон қадами иловагӣ нагузоштааст. Барои  шурӯъ кардани музокирот ва баромадан аз бумбасти ҳамаҷониба иродаи сиёсии воқеӣ ва омодагии хуб лозим аст.

Пештар ҷонибҳо чунин хислатҳоро надоштанд. Ва эҳтимолан дар айни ҳол ҳам чунин тағйироти куллӣ ба амал нахоҳад омад. Чун дар афкори ҷамъиятии ду кишвар ин мамлакатҳо чун душман қабул шудаанд.

Чи кор кардан мумкин

Дар ҳақиқат тӯли ин солҳо мушкилоти зиёде ҷамъ шудааст, ки ҳалли онҳо дар рушди муносиботи ҳар ду кишвар муҳим хоҳад буд.

Албатта аксари шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҳам аз байн бардоштани низоми раводид, барқарор кардани савдои байни кишваррҳо ва тоза кардани сарҳад аз минаҳоро ҷонибдорӣ мекунанд. Даст кашидан аз таблиғоти гурӯҳҳои мухолиф. Дар аксари ин соҳаҳо фаъолияти нерӯҳои комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон аллакай шурӯъ шудаанд.

Дар умум метавон гуфт, ки акнун вақти барқарор намудани муносиботи байни ду кишвари ҳамсоя фаро расид. Аз даст додани чунин имкон натанҳо барои Душанбе ва Тошканд, балки барои дигар шарикони бузурги  минтақа кори хом хоҳад буд.

Русия ва Чин қабл аз ҳама беш манфиатдори рушди муносиботи байни ду кишвари минтақа ҳастанд, чунки мухолифоти байни онҳо ба амнияту иқтисоди дигар кишварҳои минтақа таҳдиди бузург дорад.

Дар робита бо ин Пекин ва Маскавро мебояд, то мухолифоти байни Тоҷикистону Узбакистонро аз ин ва баъд нодида нагирифта ба рушди муносибатҳои онҳо таъсир расонанд. Чуноне сафари Комилов ба Душанбе нишон медиҳад,  аллакай қадами мусолиҳатомез ба ҷониби роҳи дуруст гузошта шуд.  Акнун ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор зарур аст, ки ба қафо нарафта,  дар як ҷой  шах нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0