ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik, Мария Шелудякова. Бо ба сари ҳукумат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати Ӯзбакистон бо Тоҷикистон ва дар умум бо тамоми Осиёи Марказӣ беҳтар нахоҳад шуд, гуфт ба Sputnik сардори шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС ду ҳамсоякишварро муносибатҳои мураккаб фаро гирифтаанд. Қариб, ки аз солҳои 1992 инҷониб байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муносибати беҳтареро дидан ғайриимкон аст. Аз соли 2001-ум сар карда, аввал Ӯзбакистон ва пасон Тоҷикистон ба ҳамдигар низоми раводидӣ ҷорӣ намуданд. Ғайр аз ин Тошканд дар сохтмнои НБО Роғун муқовимат нишон медиҳад ва мегӯяд, ки сохтмони он бо коҳиш ёфтани тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии қишлоқи минтақа ба анҷом мерасад.
Мушкилиҳо дар муносибати Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ки пеш аз ҳама ба истифодаи об, нишонагузорӣ намудани аниқи сарҳад, зиёд шудани захираҳои меҳнатӣ марбут аст, на танҳо аз рӯзи гузашта пайдо шудааст- онҳо тамоми солҳои рушди соҳибихтиёрии ин ду кишвар мавҷуд буданд.
Коршинос қайд намуд, ки "масъалаҳои ӯбзакӣ ва тоҷикӣ" метавонанд ба муддати на камтар аз даҳ сол роҳи ҳалли хешро ёбанд. Ба гуфтаи вай барои ҳал шудани мушкилиҳо бояд ҳар ду тараф ҳам хоҳиши ба ҳамдигар гузашт карданро дошта бошанд: "Барои ин ҳар ду ҷониб лозиманд. Инҷо пеш аз ҳама бояд мавқеи Ӯзбакистонро ба назар гирифт".
"Маълум аст, ки барои ҳал намудани ин мушкилиҳо ҳамон мӯҳлате лозим аст, ки дар муддати он масъалаи мавсуф ба вуҷуд омада буданд. Ҳангоми таври оптималӣ рушд ёфтани муносибатҳо ва розӣ будани тарафайн ин мушкилиҳо шояд пас аз даҳ сол роҳи ҳалли худро ёбанд",- гуфт Андрей Грозин.
Бархе аз коршиносон пешгӯйи намуданд, ки ин мушкилиҳо ба зуддӣ роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Онҳо чунин вазъиятро бо мавҷуд будани баъзе маълумотҳо дар барои зодгоҳи номзади асосии президентии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев медонанд. Аммо мувофиқи маълумотҳои расмӣ Шавкат Мирзиёев маҳз дар Ҷиззах ба дунё омадасст, барои ҳамин аз ин ҷиҳат беҳтар шудани муносибатҳоро на шояд интизорӣ кашид.
"Дар табақаи болоии ӯзбекӣ ва дар сатҳи тафаккури омма дар бораи сирф ӯзбак набудани ин ё он роҳбар якчанд ақидаҳо паҳн мешаванд. Ин ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дахолат дорад,- мефаҳмонад сиёсатшинос.- Агар ҳатто онҳо бо ҳудуди тоҷикӣ робита дошта бошанд ҳам, худи онҳо ин маълумотро инкор мекнуанд".
Грозин хотиррасон намуд, ки чунин овозаҳо нисбат ба президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов ҳам паҳн гардида буданд. Дар Осиёи Марказӣ чунин овоза ва ақидаҳо қариб нисбати ҳамаи намояндагони ҳукумат паҳн карда мешаванд: "Сиёсатмадорон ё пурра қирғиз нестанд, ё тоҷики тоза нестанд ва ё ӯзбак…".
"Ин каҷтасвирии шуури омма мебошад. Он даҳ сол пеш ҳам вуҷуд дошт, дар даврони шуравӣ ҳам буд. Нуқтаҳои субъективӣ- кӣ дар куҷо таваллуд шудааст, кӣ ба кадом гурӯҳи нажодӣ дохил мешавад- ба рафти сиёсати умумии ин ё он кишвар дахолат намекунад. Ҳарчанд, агар ин овозаҳо рост бошанд ҳам, ин далелҳо дар сатҳи муносибатҳои сиёсии ду давлутҳо таъсир расонида наметавонанд",- мӯътақид аст коршинос.
Мирзиёв дар маҷлиси ҳар ду палатаи парлумон санаи 8-уми сентябр иҷрокунандаи муваққатии президенти ҷумҳурии Ӯзбакистон тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи сарқонуни кишвар, ҳангоми ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонистани президенти кишвар, вазифа ва ӯҳдадориҳои вай ба зиммаи раиси палатаи болоӣ гузошта мешавад. Аммо, чуноне ки намояндаи парлумон мегӯяд, роҳбари вакилон(сенатҳо) Юлдошев аз ин вазифа даст кашидааст.
Президенти аввалини кишвари Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-юми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории сакатаи майнаи сар аз олам чашм пӯшид. Вай дар зодгоҳи хеш, тибқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд.