Притчин: мухолифоти байни Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мемонад

© Sputnik Станислав Притчин. Акс аз бойгонӣ
Станислав Притчин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ бовар доранд, ки новобаста аз муқобилиятҳои таърихии байни Тоҷикистону Узбакистон, онҳо маҷбуранд бо ҳам муносибатҳои зичро ба роҳ монанд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба қавли корманди илмии Институти шарқшиносӣ Станислав Притчин, Шавкат Мирзиёев дар бораи зарурати ҳамкориҳои зич бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор доштааст, ки ин кишварҳоро таърих, фарҳанг ва иқтисоди бунёдӣ пайваст мекунад.

Станислав Притчин дар сӯҳбат бо Sputnik  изҳор дошт, ки новобаста аз ҳамбастагии таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон мухолифатҳои бунёдӣ боқӣ хоҳанд монд.

Коршинос мегӯяд, ки Тоҷикистону Узбакистон ба мухолифатҳои байнашон нигоҳҳои гуногун доранд. Мушкилотҳои аслии миёни ин ду кишвар масъалаҳои сарҳадӣ ва сотхмони Нерӯгоҳи Барқи обии Роғун мебошанд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, таҳлилгар сафари президенти Узбакистон Каримовро ба нишасти Душанбе ва Эмомалӣ Раҳмонро ба Самарқанд мисол оварда,таъкид мекунад, ки намояндагони ҳарду кишвар ҳам барои барқарор кардани муносибатҳои байни ду давлати ҳамсоя аллакай иқдом кардаанд.

НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад

Притчин  дар мавриди ба маросими дафни Ислом Каримов рафтани Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: "Ин маънои онро дорад, ки Раҳмон новобаста аз муносиботи начандон хуб омода аст, ки бо роҳбарияти ҷадиди Узбакистон муносибат барқарор кунад".

"Масъалаи дигар ин аст, ки раисҷумҳури эҳтимолии Узбакистон як нафари амалгаро ва сахтгир аст. Бартараф кардани ин танишҳову барқарор кардани муносиботи навро аз Мирзиёев набояд интизор шуд. Бо ин ҳол дар суханронии ӯ дар маҷлис ба ҳамсоякишварҳои Узбакистон ишораҳои мусбат шуда буданд. Вале, табиист, ки танишҳои бунёдӣ иҷоза намедиҳанд ки дар наздиктарин фурсат ҳама чиз ҳалли худро пайдо кунад",-хулоса кард Притчин.

Аввалин перзиденти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз бемории инсулт вафот кард. Вазифаи роҳбарии давлатро айни ҳол сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев бар ӯҳда дорад.

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабр гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0