Нақлиёт, CASA ва амният: Тоҷикистон тайёр аст ба Афғонистон кӯмак расонад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши СПАД
Омӯзиши СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон-кишвари бой нест. Кишвар аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва қарзҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ вобаста аст. Барои ҳамин ҳам изҳори пештараи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани кӯмак ба Афғонистони ҳамсоя ба назар аввал ҷиддӣ наменамояд. Аммо ин танҳо аз назари аввал аст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гуфтаи шореҳи сиёсӣ Андрей Захватов Тоҷикистони камбағале, ки аз кишварҳои дигар ва ташкилотҳо кӯмак мегирад, наметавонад, ки худ кӯмакрасон бошад.

Вазири вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов бо вазирони ВКХ СПАД амниятро муҳокима мекунад

"Тоҷикистон наметавонад ба Афғонистон маблағгузорӣ кунад, ё Афғонистонро бо мутахассис таъмин кунад. Аммо. Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро  дорад, ки дар рушди зерсохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ширкат варзад ",- мегӯяд вай.

Дар навбати аввал — ин лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Тоҷикистон-Афғонситон-Туркманистон" ҳамчунин рушди нақлиёти Афғонистон дар самти шимолии Афғонистон мебошад.

"Барои мисол ба воситаи роҳи аллакай сохтаи Тоҷикистон автомобилҳои боркашони Афғонистон метавонанд тақрибан  дар як рӯз аз шаҳри Қундузи Афғонистон то вилояти Суғди Тоҷикистон биёянд ва пасон ба Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон равона гарданд",- қайд мекунад Андрей Захватов.

Ғайр аз ин мегӯяд вай, лоиҳаи CASA мавҷуд аст.

"Моҳи майи ҳамин сол маълум гардид, ки Афғонистон намехоҳад мувофиқи лоиҳаи CASA-1000  аз Тоҷикистон қувваи барқ харидорӣ намояд, балки дар ин лоиҳа танҳо ҳамчун кишвари транзитӣ ширкат меварзад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, агар лоиҳаи CASA-1000  амалӣ гардад Афғонистон барои иштирокаш дар интиқоли қувваи барқ ба Покистон ҳамчун кишвари транзитӣ маблағи муайян мегирад, ки ин метавонад ба рушди ин кишвар таъсир расонад",- мегӯяд бо боварӣ Захватов.

Дар Ассамблеяи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ситроҷиддин Аслов ҳангоми даъвати дастгирии Афғонистони ҳамсоя гуфта буд, ки Тоҷикистон тайёр аст, то дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон ширкат варзад. Ин амалро ба воситаи пайвасти хатсайрҳои нақлиётии байни ду кишвар ва сохтори пули энергетикӣ CASA-1000 иҷро намудан мумкин аст, гуфта буд Аслов.

Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia — South Asia- Осиёи Марказӣ- Осиёи Ҷанубӣ- шарҳ аз идора) интиқоли қувваи барқро ба Қирғизистон ва пасон ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад.

Бино бар нақшаи таҳиягарон CASA-1000 имконият медиҳад, ки на танҳо аз нерӯи гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ истифода бурд ва истеъмолкунандагонро бо қувваи барқи арзон таъмин кард, балки метавон ба воситаи он  ҳамгироии иқтисодӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуд.

Пас аз ба итмом расидани лоиҳа аз Қирғизистон ба масофаи 477 км ба Тоҷикистон меравад ва аз Афғонистон ба масофаи 750 км ба Покистон интиқол мегардад.

Аз ҳама муҳимаш кӯмаки ҳарбӣ

Аммо ба фикри коршиносон ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳоло ба Афғонистон дар навбати аввал бояд кӯмаки низомӣ расонид.

"Маълум аст, ки худи Тоҷикистон низ ба кӯмаки низомӣ мӯҳтоҷ аст. Дар чорчӯбаи  СААД (Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи) ин гуна дастгирӣ бояд ба ҷумҳурӣ расонида шавад- мегӯяд шореҳи сиёсӣ Шавкат Мансуров.-Се сол инҷониб чунин созишнома- дар бораи кӯмаки фавқуллодаи техникӣ дар доираи СПАД баста шуд. Аммо то ҳол қисми зиёди қарорҳои ин созишнома дар варақҳо мондаанд. Дар ҳоле, ки ин кӯмак на танҳо барои Тоҷикистон аст. Дар дигар кишварҳои аъзои СПАД — дар Маскав, Минск, Ереван ва дигарон бояд ин чизро фаҳманд. Ҳангоми ба Тоҷикстон кӯмак расонидан, онҳо ба ин васила ҳам ба худ ва ҳам ба Афғонистон ёрӣ мерасонанд".

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ мекунад

Ба гуфтаи вай сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба минтақаи масъулиятноки Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дохил мешавад. Вазъият бошад дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Амалҳои ҷангӣ дар ҳудуди  зиёда аз 60 фоизи сарҳади Тоҷикстон ва Афғонистон рафта истодааст, мегӯяд вай.

"Президенти Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз кишварҳои аъзои ташкилот даъват доштааст, ки дар таҳкими сарҳади давлати чораҳо андешанд. Аммо ин гуфтаҳо амалӣ нагаштаанд. Имрӯз — мегӯяд Мансуров, ҳукумати Тоҷикистон метавонад бо давом додани нақшаҳои барномаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон баромад кунанд. Худи Тоҷикистон бошад метавонад бо сарҳадбонони афғон мубодилаи таҷриба намуда,  дар заминаҳои мавҷудбуда омӯзиши якҷояи худро давом диҳад. "

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон дар Ассамблеяи кулли СММ даъват аз он намуд, ки ба Афғонистон аз ҳама ҷиҳат кӯмак расонида шавад.

Лентаи хабарҳо
0