ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва баромад дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ ба Ню-Йорк сафар кард, иттилоъ медиҳад маркази хабарии созмон.
Дирӯз, 13 сентябри соли равон кушодашавии расмии ҷаласаи 71-умини Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид. Нишасти умумӣ ҳамасола аз 20 сентябр оғоз гардида то 26-уми ҳамин моҳ давом мекунад.
Ҳафтаи оянда санаи 20 сентябр баррасии ҷаласаи умумӣ шурӯъ мешавад. Чун анъана аввин шуда, аз минбари Ассамблеяи генералии СММ роҳбарони ИМА ва Бразилия баромад мекунанд. Қабл аз оғози баррасии умумии Ассамблея, Дабири кулли СММ ба кишварҳои аъзо гузориши солонаи ташкилотро пешниҳод мекунад.
Дар нимаи дуюми рӯз бошад аввалин шуда, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад хоҳад кард.
Ҳайати Русияро вазири вазорати умури хориҷии ин кишвар намояндагӣ мекунад. Суханронии ӯ рӯзи 23 сентябр дар назар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Душанбе Маркази захиравии иттилоотии СММ кушода шуд. Моҳи июн бошад Тоҷикистон аъзои нави Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид.