ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазири вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафари расмӣ ба Арманистон рафт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ ҷумҳурӣ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати вазири Вазорати умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард.
Рӯзи душанбе 4 июл дар Ереван ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СПАД доир градида, дар он муҳокимаи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва хориҷӣ дар назар аст.
"Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз амнияти минтақавӣ ва хориҷӣ, вазъият дар Афғонистон ва Сурия ва ҳамкориҳои кишварҳои аъзои СПАД дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ мегарданд",-омадааст дар хабарнома.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.