Tajik Air коргарони худро дар Бишкек аз кор пеш кард

© Фото : Пресс-служба "Таджик Эйр"Ҳавопаймои ширкати Тоҷик Эйр. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Тоҷик Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан хабар дода шуд ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бо сабабҳои техникӣ дар худи Бишкек фурӯд омад. Ҳодиса рӯзи 7 сентябр ба вуқӯъ пайваст.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо сабаби ҳодисаи рухдода коргарони худро дар Бишкек аз кор ронд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ.

Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ коргарони худро пеш карда, аз рӯи ҳодиса тафтишот бурда истодааст.

Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷик Эйр” Душанбе ва Пекинро мепайвандад

Ҳавопаймои Boeing 757, ки ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр тааллуқ дорад, рӯзи 7 сентябри соли равон дар "Манас" фурӯди истирорӣ анҷом дод. Киштии ҳавоӣ аз фурӯдгоҳи Бишкек парвоз карда, баъди чанде баргашт. Сарнишини ҳавопаймо маҷбур шуд, бо сабабҳои техникӣ дар ҳамин фурӯдгоҳ нишинад.

Бино ба гуфтаи директори оҷонсӣ Эрмек Омуралиев, ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро мустақилона тафтиш мекунад.

Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ коргарони худро пеш карда, аз рӯи ҳодиса тафтишот бурда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0