ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ширкати милии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тасмим гирифтаст хатсайри мустақимро миёни пойтахтҳои ду икшвар Тоҷикистон ва Чин ӣоз намояд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҶСК "Тоҷик Эйр".
Дафтари матбуотии ҶСК "Тоҷик Эйр" хабар медиҳад, ки масъалаи кушодани хатсайри ҷадид зимни мулоқоти роҳбарияти ширкат бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Чин дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Тибқи маълумоти манбаъ парвозҳо тавассути ҳавопаймои "Боинг 757" ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат гирифта, давомноокии парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
"Кушодашавии хатсайри нав имкон медиҳад, то шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар муддати кӯтоҳ ва сарфи маблағи наонқадар зиёд парвоз кунанд. Дар баробари ин хатсайр барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард. Барои шаҳрвандони ҳарду кишвар имконоти зиёд барои сайёҳату тиҷорат муҳайё хоҳад гардид",-гуфтанд дар "Тоҷик Эйр".
Ёдовар мешавем, ки айни замон ширкати "Тоҷик Эйр" ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмато), Қирғизистон (Бишкек), ва ба якқатор шаҳрҳои Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут ва Новосибирск) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.