Аслов дар Ню-Йорк захираҳои оби Тоҷикистонро муҳокима кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози вежаи Котиботи давлатии ИМА оид ба захираҳои об ҷаноби Аарон Залсберг баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон сироҷиддин Аслов бо ҳамоҳангсозии вежаи Котиботи давлатии ИМА  Аарон Залсберг вохӯрд, хабюар медиҳад, хадамоти матбуоти ВКХ ҶТ.

Аслов ва Залсберг масъалаҳои захираҳои обӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

"Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" ва дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об мавриди муҳокима қарор гирифтанд,-омадаааст дар хабарнома.

Дар баробари ин ҷаноби Аслов дар ҷаласаи 15-уми вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушди бе дастрасӣ ба баҳр ишитрок кард.

Дар рафти суханронӣ ӯ қайд кард, ки "вохӯрӣ марҳилаи муҳим дар гузариш аз ӯҳдарориҳо ба амал аст".

Аслов ҳамчунин қайд кард, ки соҳаҳои нақлиёт ва эенергетика барои Тоҷикистон бахшҳои афзалиятнок мебошанд.

Ҳамин тавр ӯ қайд кард, ки низоми "Равзанаи ягона", ки ба соддагардонии қоидаҳои гумрукӣ ва сохтмони купруки энергетикии байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000),  мусоидат мекунад, далели рӯшани иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Лентаи хабарҳо
0