ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар дохили анбор, ки шоми рӯзи панҷшанбе оташ гирифта, дар қисми шарқии Маскав воқеъ аст, муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиндагӣ накардаанд.
"Ин ҷо биноҳои замони советӣ ҷойгиранд. Дар аксари онҳо батареяҳои гармкунӣ насб шудааст. Вале биноҳое, ки ошташ гирифтанд-ин анборҳои хунук мебошанд. Дар ин ҷо ягон кас зинадгӣ намекард ва қисми зиёди вақт мардум ин ҷо намеистоданд",-гуфт ба хабарнигори РИА Новости корманд, ки худро чун Гасан муаррифӣ кард.
Корманди дигари корхона изҳор дошт, ки дар ин ҷо ягон муҳоҷир зиндагӣ накардааст ва хабар дар бораи эҳтимолан сабаб шудани гармкунии сунъӣ аз ҷониби онҳо ҳақиқт надорад.
"Ин гапҳо дурӯғ аст, ин биноҳо анборҳои холӣ, ки мардум аз он ҷо ба таври яклухт бор мегиранд ва мебароянд ва дар ни бино рӯзи дароз ягон кас буду бош карардааст",-гуфт ӯ. Ба қавли ӯ бино бо сабаби расиши кӯтоҳ оташ гирифтааст. "Он ҷо барқ аст, симҳо ҳам дар ҷояшон, мумкин расиши кӯтоҳ шудааст".
Рӯзи панҷшанбе дар қисми шарқии шаҳри Маскав бинои анбор бо маҳсулоти пластикӣ оташ гирифт. Дар рафти корҳои оташхомӯшкунӣ 160 наҷотдиҳанда 46 адад техника сафарбар карда шуда, масоҳати умумии макони оташгирифта 4 ҳазор метри квадратиро ташкил дод. МЧС Руися хабар дод, ки дар пайи сӯхтор ҳашт нафар аз наҷотдиҳандагон ба ҳалокат касидаанд. Тафтишот сабабҳои техникӣ, фаннӣ ва дигар ҷонибҳоро санҷида истодааст.
Санаи 27-уми август дар шимоли Маскав ба амал омад. Моҳт август дар бинои нашриёти "Печатный экспресс" сӯхтор баамал омад. Ҳамагӣ 17 нафар- 14 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва 3 нафар шаҳрвандони Русия дар натиҷаи сӯхтор вафот карданд. Мувофиқи маълумотҳои ВКХ Қирғизистон ҳамаи фавтидагон занони ҷовон мебошанд, ки синну солашон аз 18 то 25 сола мебошад.