ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар бинои оташгирифта, ки дар қисми шарқии Маскав ҷойгир аст, наҷотдиҳандагон ҷасади ҳашт нафар аз оташхомӯшкунандагонро дарёфтанд, хабар медиҳад МЧС.
Рӯзи панҷшанбе дар қисми шарқии шаҳри Маскав бинои анбор бо маҳсулоти пластикӣ оташ гирифт. Дар рафти корҳои оташхомӯшкунӣ 160 наҷотдиҳанда 46 адад техника сафарбар карда шуда, масоҳати умумии макони оташгирифта 4 ҳазор метри квадратиро ташкил дод.
"Ҷасади наҷотдиҳандагон дар макони асосии ҷӯстуҷӯ пайдо шуд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Чуноне дар торномаи МЧС Русия зикр мегардад наҷотдиҳандагон дар боми бино қарор дошта, мақсад доштанд қубурҳои обро аз болои балонҳо, ки ҳар замон метавонистанд битарканд рост кунанд.
Мувофиқи маълумоти мақомот онҳо яке аз аввалинҳо буданд, ки ба ҷои ҳодиса ҳозҳир шуда, онро аз назар гузаронида ва зиёда аз 100 нафар коргаронро наҷот доданд. Дар баробари ин ҳангоме, ки боми бино дар ҳолати афтидан буд, наҷотдиҳандагон ҳамкорони худро низ аз маркази он тела дода наҷот доданд дар сурати каме дер кардан эҳтимолан онҳо низ ба поён афтода ба коми оташ дучор мешуданд.