Сайди сарҳадбонони тоҷик: 20 кг ҳашиш

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкМаводи мухаддири нашаовар. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддири нашаовар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Байни ҷинояткорон ва сарҳадбонон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад, як нафари онҳо дастгир шуда, дигарон дар ҳуҳуди қаламрави ҳамсоя паноҳ бурданд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон боз задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.

Сарҳадбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нобуд кардани қочоқбари афғон аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик

"Шаби сешанбе дар ҳудуди постгоҳи сарҳадии "Кокул" —и сарҳади  Ҳамадонӣ кӯшиши ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ аз тарафи гурӯҳи ҷиноии иборат аз 3-4 нафар, пешгирӣ карда шуд",- мегӯяд роҳбари дафтари матбуоти нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Чуноне ки РИА Новости хабар медиҳад дар рафти оташфишонӣ як нафар қочоқчии мусаллаҳ аз Афғонистон дастгир карда шуд. Дигар ҷонояткорон бошанд аз торикии шаб истифода бурда, пинҳон шуданд. Дар ҷои ҳодиса 20 кг ҳашиш ва карабин(милтиқи кӯтоҳ)бо 16 лавозимоти ҷангӣ ёфт гардид.

Ҳамагӣ аз аввалҳои соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон  23 ҷинояткорони мусаллаҳ нобуд карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0