Нобуд кардани қочоқбари афғон аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкСарҳадбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қочоқчӣ ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад нобуд карда шудааст. Аз ӯ маводи мухаддир,автомати Калашников ва патронҳо дарёфт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сарҳадбонони тоҷик гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро аз ҷониби Афғонистон пешгирӣ намуданд, иттилоъ медиҳад, РИА Новости бо такя ба сухангӯи хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

"Дар минтақаи сарҳадии нуқтаи назоратии Панҷ, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз панҷ нафар зимни убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо сарҳадбонони тоҷик бархӯрданд. Дар натиҷа байни қочоқчиён ва сарҳадбонони тоҷик бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, дар пайи он як қочоқчӣ ба ҳалокат расид ва дигар аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳ дар тарафи муқобил паноҳ бурданд",-гуфт ӯ.

Сарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: муқовимати сарҳадбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон дар марз

Ба қавли ӯ дар ҷои ҳодиса 39 кг ҳашиш, автомат АК7,62-и  истеҳсоли хориҷӣ, 146 мағоза ва телефони мобилӣ ёфт ва мусодира гардид.

Аз аввали соли ҷорӣ ин 21-умин ҳодисаи бархӯрди мусаллаҳона байни қочоқчиёни афғон ва марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад, ки дар пайи он 11 қочоқчӣ нобуд карда шудааст.

Охирҳои моҳи август зимни убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ду нафар аъзоёни гурӯҳи муташаккилонаи ҷиноятпешаи Толибон нобуд карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0