Акаев: Вашингтон бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ба ОМ ворид гашт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАсқар Акаев. Акс аз бойгонӣ
Асқар Акаев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ИМА бо ташкил намудани пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон ва Ӯзбакистон якчанд мақсадҳои хешро пайгирӣ мекард. Ғайр аз мубориза бо терроризм онҳо мақсад доштанд, ки мавқеи худро дар минтақаи стратегии ОМ мустаҳкам намоянд, мегӯяд собиқ перзиденти Қирғизистон Аскар Акаев.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амалиёти "Пойдории озодӣ" дар Афғонистон танҳо баҳонаҳое буданд, ки ба воситаи онҳо ИМА ба минтақаҳои муҳими стратегиии ОМ ворид гаштааст, мегӯяд собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев.

Соли 2001-ум пеш аз оғоз намудани амалиёти худ дар Афғонистон, ИМА дар Қирғизистон ва Ӯзбакистон пойгоҳи низомии хешро ҷойгир намуд.

"Соли 2001 ҳам Путин,  ҳам дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бисёре аз роҳбарони давлатҳои дунё — ҳама аз даъвати Буш, ташкил намудани эътилофи байналмиллалии зидди терроризм, дасгирӣ карданд. Зеро аз инфиҷори соли 2001 ҳама ба даҳшат омада буданд. Аммо баъдтар маълум гардид, ки амрикоиҳо дигар мақсадҳоро низ доштаанд. Мақсади онҳо дар ҳама ҷо нобуд кардани террористон  ҳам набуд. Дар баъзе минтақаҳо, то ин ки мақсадҳои геопалитикии хешро пайгирӣ намоянд, онҳо баръакс террористонро дастгирӣ мекарданд,",- қайд кард дар мусоҳиба бо РИА Новости Аскар Акаев.

Ба фикри ӯ амрикоиҳо дар як вақт якчанд мақсадро пайгирӣ мекарданд. Ба ғайр аз мубориза бо терроризм, мақсади ИМА дар минтақаи муҳими стратегии ОМ мустаҳкам шудан буд.

Таркиш дар маркази савдо дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: ИМА баъди ҳодисаи 11 сентябр амниятро дар ҷаҳон таъмин накард

"ИМА чунин меҳособад, ки он ҳамсояи ҳамаи кишварҳо дар ҳамаи минтақаҳо мебошад. Ҳамаи  кишварҳо ба маркази манфиатҳои амрикоиҳо дохил мешавад. Вазифаи онҳо-назорат бурдани вазъият мебошад. Мақсади онҳо аллакай маълум аст-аз болои минтақаи Осиёи Марказӣ назорат кардан",- мегӯяд Аскар Акаев.

Аз ҷумла, ИМА ба воситаи  пойгоҳи низомии худ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мақсад дошт, ки аз болои Русия, Чин ва Ҳиндустон фаъолити иктишофӣ барад, " онҳо роҳи ба даст овардани нефтро аз Халиҷи Форс ба Чин убур намуданд, барои он ки Чин хело муҳтоҷ аст ва яке аз лӯлаҳои нафт метавонист ба воситаи Афғонистон, Эрон ва Халиҷи Форс гузарад".

"ИМА намехост, ки Чин чунин роҳи осони бевосита ба даст овардани  энергетикаро  дошта бошад. Чин ҳоло роҳбари умумӣ шуда истодааст.. Ҳоло мо мебинем, ки ИМА ва Чин барои ба даст овардани унвони пешвои ҷаҳонӣ ба ҳамдигар мубориза бурда истодаанд",- мегӯяд собиқ перзиденти Қирғизистон.

Масъалаи мубориза бо терроризм бошад, нисбати Амрико дар мо шубҳа ҳосил намудааст.

"Аз он сабаб, ки онҳо "кори худро" қариб 15 сол аст, ки кашол дода истодаанд… Натиҷааш чӣ? Оё терроризм хотима ёфтааст?  Маълум аст, ки мақсади онҳо пурра нобуд кардани терроризм нест. Баръакс, вазифаи онҳо хело оддист- фақат назоарт бурдани террористон ва зидди ҳукуматҳои нотавони дигар кишварҳо равон намудани онҳо",- мегӯяд Акаев.

Ростислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Осиёи Марказӣ барои ИМА-нуқтаи халалдор кардани Русия аст

Ба гуфти ӯ, агар рӯирост гӯем, инфиҷори 11-уми сентябри соли 2001танҳо баҳонае дар мубориза зидди терроризм буд, аммо "ба болои ин онҳо тавонистанд аз он хело хуб истифода баранд",- қайд кард Акаев.

"Чуноне ки ҳоло маълум мегардад, ташкилкунандагони инфиҷори мавсуф на дар Афғонистон, балки бо гуфтаи Кохи сафед- дар Арабистони Саудӣ будаанд. Дар кишваре, ки дар Шарқи Наздик аз ҳама бо ИМА муносибати хуб дорад. Аммо онҳо эълон намуда буданд, ки дар Афғонистон менишинанд ва онро бояд бо тамоми ҷаҳон якҷоя нобуд созем",- гуфт Акаев.

Аскар Акаев тӯли солҳои 1990-2005 перзиденти Ҷумҳурии Қирғизистон буд. Ӯ дар натиҷаи "Инқилоби лола " (Тюльпановая революция) ҳукуматро аз даст дод. Ҳоло Акаев дар Донишгоҳи таҳқиқотҳои математикии МГУ (Донишгоҳи давлатии Маскав)бо кори илмӣ машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0