Назарсанҷӣ: ИМА баъди ҳодисаи 11 сентябр амниятро дар ҷаҳон таъмин накард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкТаркиш дар маркази савдо дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ
Таркиш дар маркази савдо дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ИМА бо мақсади таъмини бехатарӣ дар мамлакат ва ҷаҳон якқатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд: ҳамин тавр “Санади Ватандорӣ” қабул гардид, ки он ҳуқуқҳои ФБР-ро оид ба ҷамъ кардани маълумот дар бораи шаҳрвандони дохили кишвар ва хориҷ аз он васеътар намуд.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения аксари шаҳрвандони Олмон (74%), Фаронса (65%) ва Итолиё (63%) кӯшишҳои Амрикоро барои мубориза бар зидди терроризм ва таъмини бехатарӣ дар ҷаҳон баъди ҳодисаи 11 сентябр нокофӣ хондаанд.

Шаҳрвандони Амрико бошад ин ҳодисаро мусбат баҳогузорӣ карда: 54% иштирокчиёни пурсиш дар чунин назаранд, ки кишвари онҳо бар зидди терроризм муборизаи беамон мебарад, 39 фисади иштирокчиёни назарсанҷӣ ҷавоби мусбат гуфта, 7%-и дигар натавонистаанд ба савол посух гӯянд. Маълумот дар натиҷаи назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати бузурги тадқиқотии фаронсавии Ifop бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik ба даст омадааст.

Ҳамлаҳои террористии соли 2016: қурбониёни таркишҳо

Баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ИМА бо мақсади таъмини бехатарӣ дар мамлакат ва ҷаҳон якқатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд: ҳамин тавр "Санади Ватандорӣ" қабул гардид, ки он ҳуқуқҳои Бюрои федералии тафтишотро оид ба ҷамъ кардани маълумот дар бораи шаҳрвандони дохилии кишвар ва хориҷ аз он васеътар намуд.

Бо мақсади коҳиш додани таҳдиди терроризм, ИМА  дар Афғонистон ва Ироқ барномаи низомии худро амалӣ намуд. Ба саволи оё барномаҳои ИМА оиди коҳиш додани хатари терроризм дар ҷаҳон баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 зиндагиро дар ҷаҳон бехатар карданд, танҳо 20%-и олмониҳо, 24%-и фаронсавиҳо ва 30%-и итолиёвиҳо посухи мусбат додаанд. Аснои пурсиш 6%-и шаҳрвандони Олмон, 11% аҳолии Фаронса ва 7% шаҳрвандони Итолиё  ба савол посух нагуфтаанд.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати тадқиқотии Ifop аз 28 июн то 4 июли соли 2016 дар Фаронса,Олимон, ва Итолиё ва аз 26 то 30 августи соли равон  дар ИМА гузаронида шуд. Аснои пурсиш 4015 нафар: Олмон (1000 нафар), Фаронса (1004 нафар), Итолиё (1002 нафар) ва ИМА (1009 нафар)  ки синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун доранд, пурсида шудаанд.

Опрос "Sputnik.Мнения"
Опрос Sputnik.Мнения - Sputnik Тоҷикистон
Опрос "Sputnik.Мнения"

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0