Казантсев: ҳукмронии президенти Туркманистон солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард

© Sputnik Андрей Казантсев. Акс аз бойгонӣ
Андрей Казантсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Туркманистон аз ҷониби парлумон матни сарқонуни ҷадид қабул гардид. Мувофиқи тағйиру иловаҳои нав, акнун мӯҳлати як даври президентӣ аз 5 сол то 7 сол зиёд мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сарқонуни ҷадиди Туркманистон, ки мувофиқи он мӯҳлати президентии як даври раисҷумҳур зиёд карда мешавад, баръало нишони он аст, ки роҳбари кунунии давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дер боз  сари қудрат хоҳад монд, изҳор дошт директори Маркази таҳлилии Донишгоҳи таърихи муносибатҳои байналмилалии Маскав Андрей Казантсев.

"Ин як навъ зикри устуворӣ ва пойдории кадрҳои баландпоя ба мисоли мақоми президентии Туркманистон мебошад. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нафаре ба назар мерасад, ки софдилона дар бораи доштани саломатии хуби худ (чун худи ӯ табиб, доктори илмҳои тиб аст) зикр мекунад ва бо ин васила ба ҳамагон мефаҳмонад, ки боз солҳои оянда низ Туркманистонро ҳукмронӣ хоҳад кард",-изҳор дошт ба РИА Новости Казантсев.

Парлумони Туркманистон сарқонуни нав қабул кард

Дар ҷаласаи Шӯрои бузургон, вакилони парлумон якдилона сарқонуни нави кишварро қабул карданд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи сарқонуни нав ин зиёд намудани мӯҳлати як даври президентӣ мебошад. Аз ҷумла дар он гуфта мешавад, ки президенти Туркманистон аз ҷониби халқи ин кишвар ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешавад.

Мувофиқи сарқонуне, ки соли 2008-ум қабул гардида буд, президенти Туркманистон шахси синну солаш на кам аз 40 сол ва на зиёд аз 70 сол, ки дар ҳудуи ин кишвар ба дунё омадааст метавонад интихобл шавад. Дар конститутсияи ҷадид бошад, меъёри "на калонтар аз 70 сола" вуҷуд надорад.

Ба фикри таҳлилгар бо дарназардошти саломатии бардавоми президент ва авзоъи ноороми Осиёи Марказӣ "ҳукмронии роҳбари кунунии кишвар солҳои зиёд давом хоҳад кард".

Коршинос масъалаи ба кӣ мерос мондани мақоми президентиро шарҳ надода қайд кард, ки "айни ҳол оиди ин масъала ягон қарор нест. Ҳангомаҳо ҳастанд, ки шояд наберааш бошад, вале ҳамаи аз воқеъияти хеле дур аст… аниқтараш сухан беш аз пеш дар бораи  "давомнокии дуру дурози"  ҳукмронии президенти кунунӣ меравад",-хулоса кард Казантсев.

Дар Туркманистон низ Конститутсия ислоҳ мешавад

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ Туркманистон аввалин шуда, рӯзи 18 майи солии 1992-юм сарқонун қабул кард. Қонуни асосии ҷорӣ соли 2008 дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ бо ташаббуси президенти кишвар қабул гардида буд. Моҳи майи соли 2014 ҳамчунин аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ қарор дар барои ташкили комиссияи конститутсионӣ оид ба комил гардонидани сарқонун ва вориди тағйиру иловаҳо имзо гардид. Он замон Бердимуҳаммадов тартиб додани конститутсияро мувофиқи талаботҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Туркманистони муосир вобаста хонд.

Бори охир шаҳрвандони Туркманистон моҳи феврали соли 2012 президенти кишварро интихоб карда буданд. Мувофиқи сарқонуне, ки соли 2008-ум қабул гардида шуд, интихоботи навбатӣ ба мақоми раисҷумҳур бояд соли 2017 гузаронида шавад.

Лентаи хабарҳо
0