Парлумони Туркманистон сарқонуни нав қабул кард

Обуна шудан
Мувофиқи қонунгузории ҷадид ба мақоми президентӣ шаҳрванди Туркманистон, ки 40 сол дорад ба муддати ҳафт сол метавонад интихоб шавад.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Парлумони Туркманистон раъйпурсиро оиди қабули қонуни асосии икшвар, ки маҳдуд будани синну солро ба мақоми президентӣ аз байн мебарад баргузор намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои бузургон,  вакилони парлумон якдилона сарқонуни нави кишварро қабул карданд. Пас аз ҷаласа президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯи якқатор қонунҳои ҷадид имзо гузошт.

"Қабули сарқонуни ҷадид нишони марҳилаи нав дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавии кишвар мебошад. Конститутсияи нав дар асоси меъёрҳои қонунгузории байналмиллалӣ омода шудааст",-изҳор дошт президент.

Дар Туркманистон низ Конститутсия ислоҳ мешавад

Акнун ба мақоми президентӣ шаҳрванди Туркманистон, ки дар ҳамин кишвар ба дунё омадааст ва на камтар аз 40 сол дорад метавонад пешбарӣ шавад. Мӯҳлати як даври президентӣ ҳамакнун аз 5 сол то 7 сол зиёд мешавад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ Туркманистон якумин шуда, соли 1992-юм сарқонун қабул кард. Қонуни асосии ҷорӣ соли 2008 дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ бо ташаббуси президенти кишвар қабул гардида буд. Моҳи майи соли 2014 ҳамчунин аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ қарор дар барои ташкили комиссияи конститутсионӣ оид ба комил гардонидани сарқонун ва вориди тағйиру иловаҳо имзо гардид. Он замон Бердимуҳаммадов тартиб додани конститутсияро мувофиқи талаботҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Туркманистони муосир вобаста хонд.

Қаблан хабар дода шуд, ки зиндагии шаҳрвандони Туркманистон шурӯъ аз моҳи сентябр бо сарқонуни нав ҷараён мегирад.

Бори охир шаҳрвандони Туркманистон моҳи феврали соли 2012 президенти кишварро интихоб карда буданд. Мувофиқи сарқонуне, ки соли 2008-ум қабул гардида шуд, интихоботи навбатӣ ба мақоми раисҷумҳур бояд соли 2017 гузаронида шавад.

Лентаи хабарҳо
0