ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Комиссияи вижа таҳти роҳбарии президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов лоиҳаи нави Конститутсияи ин кишварро таҳия кард, ки маҳдудияти синнусолӣ барои номзад ба президентиро аз байн мебарад ва муҳлати як даври раёсати ҷумҳуриро аз 5 то 7 сол боло мебарад, иттилоъ медиҳад Reuters.
Ба навиштаи ин расона, ин иқдом салоҳиятҳои бе ин ҳам бузургу васеъи президентро дар ин кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ боз ҳам фарохтар мекунад ва ҳокимияти ӯро таҳким мебахшад.
Манбаъ мегӯяд, аввали ҳафтаи равон матни ислоҳшудаи Қонуни асосӣ барои баррасии омма дар матбуоти расмии ин кишвар интишор ёфт ва эҳтимол меравад, то охири соли ҷорӣ қабул шавад.
Раисҷумҳури Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 58 сол дорад ва соли 2012 дуюмин даври президентии худро оғоз карда буд, ки соли 2017 бояд ба поён расад. Дар арафаи анҷоми муҳлати дуввуми президентӣ Конститутсияро ба тавре ислоҳ мекунад, ки ба нафъи президенти амалкунанда бошад.