ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Наздики 300 донишҷӯ аз Қирғизистон, ки дар макотиби олии Чин таҳсил мекунанд, баъди инфиҷор дар сафоратхона наметавонанд ба таҳсил баргарданд, иттитоъ дод рӯзи чоршанбе муовини вазири ВКХ-и ҷумҳурӣ Азамат Усенов.
Субҳи рӯзи 30-уми август дар автомашинаи Mitsubishi Delica террористи маргталаб дарвозаҳои ғарбии сафоратхони ҶХЧ-ро вайрон намуда ба ҳудуди сафорахонаи Чин дохил мешавад ва дасгоҳи таркандаи худсохтро, ки дар автомашина насб карда шуда буд, ба кор медарорад.
Дар пайи таркиш се тан аз хизматчиёни сафоратхона ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ягон намояндаи сафорати Чин дар Қирғизистон осеб надида, худи террорист бошад дар ҷои ҳродиса ба ҳалокат расид. Бинои сафоратхона аз таркиш каме осеб дида, пас аз инфиҷор додани раводид ба шаҳрвандони Қирғизистон аз ҷониби сафоратхона қатъ гардид.
Ба гуфти муовини вазири умури хориҷии кишвар ВКХ-и Қирғизистон айни замон дар бораи 300 нафар донишҷӯён, ки наметавонанд барои идомаи таҳсил ба Чин баргарданд, хабар дорад.
"Мо аллакай дар бастагӣ бо ин масъала ба сафоратхонаи Чин ду ёддошт, бо дархости барқарор намудани раванди додани раводид ба донишҷӯён фиристодем",-гуфт ӯ.
Тавре Усенов изҳор дошт, дар ҷавоб сафоратхона гуфтааст, ки дар пайи инфиҷор таҷҳизоти зарурӣ барои чопи раводид зарар дидааст. Дар баробари ин ҷониби Чин илова кардааст, ки "то ҳол дар сафоратхона шароити пурраи кор ва қабули меҳмонон вуҷуд надорад", қайд кард намояндаи умури хориҷии кишвар.