Хадамоти махсуси СҲШ дар инфиҷори Бишкек пайи тоҷиконро ҳам дарёфт кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкБинои намояндагии дипломатии Чин дар Бишкек. Дар ҳудуди сафорат таркиш ба амал омадааст
Бинои намояндагии дипломатии Чин дар Бишкек.  Дар ҳудуди сафорат таркиш ба амал омадааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои – аъзои ташкилоти минтақавӣ дар инфиҷоре, ки дар пойтахти Қирғизистон ба амал омад, пайи се давлатро дарёфт намуданд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳангоми тафтишоти таркиши ба наздикӣ дар назди Сафоратхонаи Чин  дар  шаҳри Бишкек ба амал омада,  хадамоти махсуси Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) маълум кард, ки дар он  афроде аз  Тоҷикистон,  Русия ва Чин даст доштанд.

"Муайян намудани шахсони дар инфиҷори Бишкек даст дошта якҷоя бо кормандони хадамоти махсуси СҲШ довом ёфта истодааст. Дар ин амал шаҳрвадони Русия Тоҷикистон ва Чин гумонбар мешаванд",- гуфт муовини аввали директори ХФБ Русия генерал Сергей Смирнов.

Пагоҳии 30-уми август дар автомашинаи Mitsubishi Delica террористи маргталаб дарвозаҳои ғарбии сафоратхони ҶХЧ вайрон намуда ба ҳудуди сафорахонаи Чин дохил мешавад ва дасгоҳи таркандаи худсохтро, ки дар автомашина насб карда шуда буд, бо қувваи калон ба кор медарорад.

Таркиш дар назди бинои сафорати Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониёне, ки шиносномаи онҳоро террористон истифода бурданд, дар Сурия қарор доранд

Дар натиҷаи таркиш се нафар кормандони хидматии идораи дипломатӣ  ҷароҳат бардоштанд.

Чуноне ки кумитаи давлатии бехатарии миллӣ Қирғизистон муайян кардааст, таркиши мазкурро террористи маргталаб — аъзои Ташкилоти байналмиллалии террористии(ТБТ) "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ" дар Сурия миллаташ уйғур, ки ҳамроҳаш шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи Халилов Зоир дошт, ба амал овардааст.

Лентаи хабарҳо
0