Тоҷикистон иштироки худро дар ҳамоиши Бишкек тасдиқ кард

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкБишкек. Акс аз бойгонӣ
Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо (ШСД) ИДМ санаи 16-уми сентябр дар бинои давлатии “Ала-Арча”-и назди ҳукумати президенти Қирғизистон Алмасбек Отамбаев баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бисёре аз сарони кишварҳои — иштирокчии ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, иштироки худро дар ҳамоиши ҷашнии Иттиҳод, ки санаи 16-уми сентябр дар Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ намуданд, иброз намуд ба рӯзноманигорон директори Департаменти иттиҳодияҳои ҳамгироӣ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Балотбек Мукашев.

Ба гуфтаи вай то имрӯз Украина иштироки худро бо намояндагии сафири Украина дар Қирғизистон тасдиқ намудааст. "Интизор меравад, ки Ӯзбакстон низ иштироки худро тасдиқ намояд",- қайд намуд ӯ.

Шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек: роҳбаронро чӣ гуна қабул ва меҳмондорӣ мекунанд

"Барои мо(Қирғизистон- шарҳ аз идора) рамзӣ аст, ки ҳамоиши ҷашнии ИДМ якҷоя бо ҷашнгирии 25-солагии истиқлолиятамон гузаронида мешавад. Дар чорчӯбаи намояндагии ҷумҳурӣ дар ИДМ имсол дар Қирғизистон наздики 10 нишаст дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти Иттиҳод ба амал омад. Коршиносон қайд мекунанд, ки он ҳамоишҳо бо роҳбарии Ҷумҳурии Қирғизистон самаранок ва дар сатҳи олӣ гузаштааст",- гуфт ӯ.

Интизор меравад, ки пас аз Қирғизистон ин дафъа ташкили ин чорабинӣ ба дӯши Русия меафтад. "Имрӯзҳо Русия тайёр аст, ки ташкили ин чорабиниро ба ӯҳдаи хеш бигирад",- қайд намуд намояндаи ВКХ Қирғизистон. Ӯ гуфт, ки қарори ниҳоӣ ташкилкунандаи мибаъдаи ин ҳамоиш  дар рафти саммит,  аз тарафи сарони давлатҳои  ИДМ муайян карда хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0