Сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек: роҳбаронро чӣ гуна қабул ва меҳмондорӣ мекунанд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкШаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Бишкек барои қабул намудани меҳмонон- сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тайёрии ҷиддӣ рафта истодааст. Дар бораи он, ки шаҳрвандони ин давлат ба омадани сарони давлатҳо чӣ гуна муносибат мекунад ва меҳмонон чӣ гуна қабул карда мешаванд , чӣ гуна хӯрок пешниҳод менамоянд Sputnik Кыргызстан маълумот додааст.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik.  Дар Бишкек санаҳои 16-17 сентябр вохӯрии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Ҳоло маълум нест, ки ин чорабиниро сарвари давлати Русия  Владимир Путин боздид мекунад ё не, аммо дар бораи иштироки дигар сарони давлатҳо то ҳол ВКХ чизе нагуфтааст ва дар ин бора ба суолҳо то ҳол ҷавоб намедиҳад.

Бо баробари он ки рӯйхати меҳмонони олӣ то ҳол маълум нест, Бишкек ба вохӯрии онҳо омодагии ҷиддӣ мебинад, хабар медиҳад Sputnik Кыргызстан.

Ранг ҳам мекунем, равшанӣ ҳам мебахшем

Дар бораи он ки дар Бишкек барои қабули меҳмонон чӣ гуна омодагиҳо рафта истодааст ба мо аз хадамоти шаҳрдорӣ хабар доданд. Дар шаҳр 140 лавҳаҳои рекломӣ тартиб дода шуда, 94 истгоҳҳо таъмир карда шудаанд.

Дар бурришҳои кӯчаҳои Фучика ва хиёбони Жибек Жолу панҷараҳои ҳифзкунандаи овоз насб карда шудаанд. Аллакай 1 355 метри иншоот сохта шудааст. Ҳамчунин дар қисми хиёбони Жибек Жолу ва Чуй деворҳои ороишдиҳанда насб карда шуда истодааст, ки дарозии умумии он 4,3 мк ташкил медиҳад.

Лампаҳои фарсудашуда дигар карда мешаванд. Дар қисми кӯчаи Фучика  тақрибан ҳазорҳо лампаҳо дигар карда шудаанд. Ташкилоти мунисипалии "Зеленосрой" 233 дарахтонро бурида, дигар намуди дарахтон ва гулҳо шинонида истодааст. Тарҳи берунии 21 бинои баланошёнагӣ оро дода шуда истодааст.

Норозигӣ

Аммо чунин чорабинии сатҳи олӣ на ба ҳамагон маъқул аст. Аниқтараш тайёрӣ ба он ҳамагонро шод намегардонад. Баъзеи онҳо норозигии худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баён кардаанд. Аз ҷумла яке аз истиқоматкунандагони шаҳр Айгерим Байдалиева чунин мегӯяд:

"Ҳангоми таёйр намудани шаҳр ба вохӯрии сарони давлатҳо ҳамаи оинаҳои хонаи маро дар хиёбони Мир ранг кардаанд. Пештар эълон часпонида буданд, вале худи мо оинаҳоро ширеш карда наметавонем.  Ба нафақахӯрон раҳмам меояд, ки худашон оинаҳояшонро шуста наметавонанд. Агар хадамоти шаҳрдории шаҳр коре карданӣ шавад, аввал бояд манфиатҳои шаҳрванро фикр кунад. Барои чӣ пул барои чорабиниҳои бефоида ёфт мешвавад ва барои амнияти инсон ва амволи вай не?"- норозогӣ баён кард вай.

Пас аз ин бо ин хонума кормандани хадамоти шаҳрдорӣ гуфтугӯ намуданд ва ваъда доданд, ки ин ҷиҳати масъаларо дида мебароянд.

Якчанд шаҳрванонро деворҳои садоҳифзкунанда низ шод накарданд. Масалан, дизайнери номдор SteelDrake дар шабакаи иҷтимоии худ чунин менависад:

"Ин чӣ гуна девор аст, ки солҳои 90-умро ба хотир меорад? Ранги онро ба фикрам ягон корманди шоиста пешниҳод кардааст. Ин чӣ гуна буттаҳо аст, ки дар замин кашол шудааст?  Шумо ба куҷо нигоҳ мекунед? Оё мақсади шумо нозеб кардани Бишкек аст?"

Дар навбати худ аз хадамоти шаҳрдорӣ маълумот доданд, ки барои чӣ  махсус ин гуна деворҳо интихоб карда шудаанд:

"Онҳо дар ҷойҳое насб карда шудаанд, ки дар он қитъаи роҳҳо ғуввоси баланд садо медод ва одамон аз байни роҳ мегузаштанд. Мо мувофиқи нақша онро бунёд намудем",- хабар додааст ӯ ба хадамоти матбуотӣ.

Ба меҳмонони олӣ чӣ гуна таомҳо медиҳанд ва дар куҷо ҷой мекунанд

Дар ҶСП "Компания Манас Менеджмент" нақл карданд, ки меҳмонони олиро чӣ гуна қабул мекунанд.

"Боғурсоқони мо ба монанди нону намак аст, албатта меҳмононро бо он қабул мекунанд ва ин таомро ба онҳо пешниҳод мекунанд",- хабар додаанд дар ширкат.

Ҳамчунин ҳангоми парвоз ба Қирғизистон ва ҳангоми баргаштан ба давлатҳояшон сарони давлатҳо худашон ғизояшонро фармоиш мекунанд.

" Ин ҳатман таоми милли мо намешавад, онҳо худашон мегӯянд, ки чӣ гуна ғизо лозим аст",- гуфтанд дар ҶСП.

Аз ин ҷиҳат имсол Қирғизистон дар ИДМ пешрав аст.  Дар Бишкек санаи 7-уми июн мулоқоти сарони Иттиҳод баргузор гардида буд.

Пештар ба ИДМ ҳамаи давлатҳои пасошӯрвӣ ба ғайр аз Балтика дохил мешаднд. Соли 2009-ум Гурҷистон расман эълон намуд,ки аз аъзогии ин иттиҳод даст мекашад. Давлатҳои иштироккунандаи ИДМ- Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Украина мебошанд.

Ин 3-юмин саммити ИДМ дар Бишкек ба ҳисоб меравад. Аввалин маротиба соли 1992 ва пас аз он  соли 2008-ум баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0