ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раҳмихудо Додихудоев дар бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рӯи давидан ба масофаи 100 метр ноком шуд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.
Додихудоев дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар ширкаткунандагони пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Ҳамин тавр варзишгари тоҷик ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии бозиҳои олимпии Рио-2016-ро аз даст дод.
Вале, бояд қайд намуд, ки Додихудоев қувваи худро ҳамчунин дар дигар навъи мусобиқа давидан ба масофаи 400 метр месанҷад.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ҳашт нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки ду нафарашон аз Бразилия, якнафарӣ аз Эрон, Австрия, Куба, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин мебошанд. Дар мусобиқаи интихобӣ давандаи Бразилия Дос Сантос Петрусио Феррейра бо нишондоди 10,67 сония мақоми аввалро касб кард.
Раҳмихудо Додихудоев, ки 26-сола аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.
Дар давоми фаъолияти варзишии худ варзишгари тоҷик дар якқатор мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзидааст. Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.
Бозиҳои XV тобистонаи Паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 7 сентябр шуруъ шуданд, то 18 сентябр идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат мекунанд.