ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистоно дар Бозиҳои паролимпиада як нафар варзишгари тоҷик намояндагӣ мекунад. Бозиҳои паролимпиада дар Рио аз 7-ум то 18-уми сентябр давом меёбад. Ҳамагӣ 528 медал ғолибонро интизор аст.
Чуноне ки роҳбари Кумитаи паролимпиадаи ҶТ Сафарали Боев нақл намуд, касе аз варзишгарон иҷозатномаи ширкат намудан дар Бозиҳои паролимпиадаро надоранд.
"Мутаассифона, варзишгарони тоҷик натавонистанд, ки ба ин бозӣ роҳхат ба даст оранд. Зеро барои роҳ ёфтан ба бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ бояд дар дигар мусобиқаҳо ширкат варзида бошанд. Мо чунин имконият надорем. Барои ин бояд мо дастгирии молӣ барои сафар кардан ба ин мусобиқаҳо ва шароитҳои тайёр намудан ба чунин масобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ медоштем. Мутаассифона, мо ягон имконияти дар боло овардашударо надоштем ва анаҳамин сабаб шуд, ки варзишгарон бидуни иҷозатнома монаданд",- гуфт ӯ.
Паролимпиада ба монанди Олимпиада дар тамоми ҷаҳон мусобиқаи машҳур мебошад, қайд намуд Сафаралӣ Боев.
"Дар Тоҷикистон дар байни маъюбон дар соҳаҳои гуногуни варзиш варзишгарони хуб ҳастанд, агар моро дасгирӣ мекарданд, боварӣ дорам, ки метавонистем ҳуқуқи иштирок карданро дар Паролимпиадаро ба даст орем. Хушбахтона, имконияти гирифтани квота аз Кумитаи байналмиллалӣ ва иштирок кардан дар Паролимпиада-2016 ба даст омад. Ба мо квотаро дар соҳаи варзиши сабук доданд. Дар Паролимпиада-2016 Тоҷикистонро Раҳмихудо Додихудоев намояндагӣ мекунад. Вай дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр иштирок мекунад",- қайд кард Боев.
Бояд қайд кард, ки дар Паролимпиадаи гузашта дар Лондон Тоҷикистонро ягона варзишгар- Парвиз Одинаев муаррифӣ карда буд. Ӯ ба Бозиҳои Паролимпиадаи 14-ум тариқи иштирокаш дар мусобиқаи дараҷавӣ дар Дубай, ки дар он ҷойи дуввумро гирифт, роҳхат ёфт. Одинаев дар Паролимпиада дар намуди варзиши вазнин баромад кардааст.
Ғайр аз ин Тоҷикистон ба Кумитаи байналмиллалии Паролимпида боз ду ҳуҷҷати варзишгоронро барои роҳхат ёфтан ба Бозиҳои Паролимпидад-2016 пешниҳод намуд, аммо кумита аризаи онҳоро рад кард.