Пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро: салюти идона

Обуна шудан
Маросими пӯшидашвии 31-умин Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз санаи 5-ум то 21-уми август дар шаҳри Рио-де-Женейро давом ёфт, бо тарфбозиҳо(фейеверк)-ҳои рангин ба анҷом расид. Тасвирҳои тарфбозиҳро дар майдони "Маракана" дар наворҳои мо нигаред.

Бо тантана паради варзишгарон ва намоиши рангин, ки анънан ва таърихи Бразилиаро нишон медод дар майдона "Маракана"-и шаҳри Рио-де-Женейро баргузор гардид. Байрақи Бозиҳо бо садои гимни олимпӣ ба ташкилкунандаи мусобиқаи олимпӣ дар соли дигар супорида шуд. Он дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор мегардад.

Ҷои аввалро дар Бозиҳои олимпӣ дастаи мунтахаби ИМА бо 120 медал гирифт. Дар ҷои дуввум Бринанияи Кабир бо 67 медал қарор гирифт. Ҷои севвумро Чин бо ба даст овардани 70 медал сазовор шуд.

Русия дар ҷои чорум қарор гирифт.Варзишгарон 56 медал ба даст оварданд, ки 19 тои онҳо тилло, 18 то нуқра, 19 то бринҷӣ мебошад. Ҳамагӣ 170 нафар варзишгарон аз 280 нафар ҷоизаҳоро дар 20 намуди варзиш ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0