ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Русия ба ҷустусҷӯи кор омаданд имсол ду бробар зиёд нисбати соли гузашта иҷозатнома ба даст овардаанд, хабар медиҳад сардори раёсати ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷират, Олга Криллова.
"Гузаштан аз идоракунии административӣ ба иқтисодии муҳоҷират нишондодҳои хуб ҳосил намуд. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Русия хоҳиши кор карданро доранд, дарёфт намудани кор осонтар ва қулайтар гардид. Танҳо дар соли 2016 ба буҷҷаи ФР қариб 21 млрд рубл ворид шудааст. Дар соли гузашта ин маблағ ба ду маритиба камтар буд",- нақл кард Криллова ба мусоҳиба ба рӯзномаи идоравии ВКД ФР "Шит и меч"".
Ба гуфтаи вай гузаронидани маблағҳо бо пайдо шудани иҷозатномаҳо марбут аст. Ин қонунро ӯ дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират "як қадам ба пеш" номид.
Вай қайд кард, ки новобаста аз ислоҳоте, ки дар ин соҳа ба вуҷуд омад, ХФР(Хадамоти федералии Русия) ваколатҳои худро ба ВКД вогузор намуд, дар нимсолаи аввали соли 2016 аз тарафи хадамотҳои ҳудудии муҳоҷират, ба аҳолӣ тамоми хизматрасониҳои давлатӣ расонида шуд.
"Имсол аз тарафи мақомотҳои ҳудудӣ ба муҳоҷирон 46 милн хизматрасонӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла бақайдгирии шаҳрвандони Русия ва ҳисоботи муҳоҷирати хориҷиён, ки 10млнро ташкил намуд, аз тарафи мо қариб 13 млн дархост дар бораи додани маълумоти унвонӣ коркард карда шуд. Ғайр аз ин дар ним сол 3 млн шиносномаи хориҷӣ тайёр гардид, ки 400 ҳзр он ба шаҳр ва вилояти Маскав рост меояд",- хабар дод, Криллова.
Пештар хабар дода шуда буд, ки ҷомеаи шиҳрвандони меҳнаткашони муҳоҷири Русия имзо ҷамъ намуда ба мэри шаҳри Маскав Сергей Сабянин муроҷиат намуданд, ки маблағи ҳармоҳаи иҷозатномаро камтар кунанд.
Пардохти маблағи ҳармоҳаи иҷозатномаи ҳозира- 4200 рублро ташкил медиҳад.