Губенатори Новосибирск ба муҳоҷирон дар мактаб кор карданро манъ кард

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкГубернатори вилояти Новособирск Владимир Городетский. Акс аз бойгонӣ
Губернатори вилояти Новособирск Владимир Городетский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Губернатори вилояти Новосибирск Владимир Городетский қонунеро имзо намуд, ки мувофиқи он аз соли 2016 сар карда ба муҳоҷирон кор кардан дар соҳаҳои лагерҳои кӯдакона дар вақти таътил, дар боғчаҳои кӯдакона ва мактабҳо, ҳамчунин дар таксӣ ва автобусҳо манъ карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Мувофиқи қароре, ки губернатор вилояти Новосибирск Владимир Городетский имзо намуд, аз соли 2016-ум сар карда ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи муаллимӣ, ронандагии нақлиёти мусофирбар ва якчанд дигар ихтисос кор кардан манъ карда мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даромади муҳоҷирон ба буҷаи Маскав аз ширкатҳои нафтӣ зиёдтар аст

Дар ҳуҷҷате, ки дар сомонаи вилоятии ҳукумат оварда шудааст, ҷузъан хабар дода мешавад, ки ташкилотҳои вилоят аз соли нав сар карда набояд хориҷиёнро бо иҷозатномаи корӣ ба чунин соҳаҳо чун кор дар лагерҳои кӯдакона дар вақти таътил, дар боғча ва мактабҳо, дар соҳаи истеҳсоли хӯроки кӯдакона ва хӯрокҳои парҳезӣ, ҳамчунин дар таксӣ, автобусва дигар намуди нақлиёти мусофирбар ба кор гирифта нашаванд.

 Ғайр аз ин мувофиқи қарор ба муҳоҷирон аз соли 2016 сар карда ба ҳайси тарҷумон, котиб, муҳаррир, коркуни шӯъбаи кадрҳо, молия, ҳамчунин дар корҳое, ки бо ба истихроҷи маъдан ва тиҷорати ҷангал, моҳидорӣ, шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ марбут аст, кор кардан манъ карда мешавад.

Мувофиқи ҳуҷҷат, пас аз оне ки он ҳукми қонунӣ мегирад, кордиҳандагон бояд дар муддати се моҳ коргарони хориҷии худро ба танзим дароранд.

 

Лентаи хабарҳо
0