ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ҳаҷми андози аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 ба 6,8 миллиард рубл расид, ки ин то 2,3 маротиба нисбат ба андоз аз даромади ширкатҳои нафтистеҳсолкунии Маскав зиёд мебошад, омадааст дар сомонаи Шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав.
Сохти иқтисодии ба танзим дарории муҳоҷират барои ҳамаи иштирокдорони он- барои шаҳр, истиқоматкунандагони шаҳри Маскав, барои худи муҳоҷирон самаранок мебошад, қайд кард, вазири Ҳукумати Маскав, роҳбари Шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳр, Максим Решетников.
"Низоми "патент" барои муҳоҷирон қулай омад: дар пойтахт воситаи самараноки идора ва танзими ҷараёни муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шуд. Аз як тараф, дар Маскав қонунигардонии қувваи кории хориҷӣ ба амал омад, бозори муҳоҷират барои кордиҳандагон ва худи муҳоҷирон шаффофтар ва қулайтар гардид, аз тарафи дигар — гузаштан аз квота ба патент, имконият медиҳад, ки сокинони Маскав ҷойи кории худро ҳимоя кунанд",- гуфт ӯ.
Аммо, Решетников қайд менамояд, ки бояд натиҷаҳои ба даст овардаро якҷоя бо иштирокдорони раванди муҳоҷират тақвият бахшид.
"Дар шумори масъалаҳои якуминдараҷа-аз ҳама муҳим пешгирии фаъоли қонунвайронкунӣ дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират-ин ҷалб намудани кордиҳандагон мебошад, то коргарони хориҷа қонунӣ гардонида шаванд ва пеш аз ба Маскав омаданашон, дар бораи қоидаҳои кортаъминшавӣ маълумотнок карда шаванд"- бовар дорад Максим Решетников.
Дар нимсолаи аввал ҳамарӯза барои гирифтани патент ба маркази бисёрфунксионалӣ 1200 муҳоҷир муроҷиат кардаанд. Ҳаҷми пардохти иҷозатномаи корӣ, ки пешпардохти АДШВ (Андози аз ҳисоби даромади шахсони воқеъӣ) ба ҳисоб меравад, дар Маскав 4200 рублро ташкил медиҳад.