ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба он нигоҳ накарда, ки "Газпром" ду иҷозатномаи фаъолияти худро дар "Сариқимиш" ва "Шоҳамбарии шарқӣ" баргардонидааст, ширкат фаъолияти худро дар кишвар қатъ намесозад, хабар дод роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов.
"Ширкат дигар имкониятҳои кор дар Тоҷикистонро дида мебарояд",- гуфт Шаталов. Дар бораи он ки "Газпром" бояд аз иҷозатномаҳои иктишофи геологии худ даст кашад, дар ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти ширкат дар нимсолаи аввали соли 2016 оварда шудааст.
"Дар ҷаласаи 18 май дар Комиссияи марказии истифодаи қаъри замин ва раёсати иҷозатномаҳо қарор қабул карда шудааст, ки аз сабаби бефоида будани тадқиқотҳои геологӣ дар қитъаи "Сариқимиш" ширкат иҷозатномаашро баргардонад",- омадааст дар ҳисобот.
Ба гуфтаи Шаталов, қарори баргардонидани пешакии ду иҷозатнома сабабҳои объективии худро дорад, ки асосан он бо сиёсати андози номақбули ин кишвар марбут аст.
"Дар бораи баргардонидани иҷозатнома мо аллакай ду моҳ пеш ба вазорати энергетика ва Тоҷикгеология хабар дода будем. Сухан дар бораи баргардонидани иҷозатнома дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ меравад, аз ҷумла дар низоми андози имрӯза ва арзиши нафт дар ин соҳа кор кардан будуни фоида аст, ки дар натиҷа иқтисоди лоиҳаамонро коҳиш додааст. Агар ба мо ин гуна имкониятро диҳанд, мо дигар лоиҳаҳоро дида мебароем, аз ҷумла дар минтақаи шимоли Тоҷикистон",- гуфт ӯ.
Дар тӯли солҳои кор дар Тоҷикистон Gazprom Int 6 млрд рубл сарфа намудааст, ки 1,4 млрди он ба андоз рафтааст. "Ширкат маҷбур аст, ки дар марҳилаи иктишофӣ пардохт кунад, дар ҳоле ки дар ин давра танҳо маблағ сарфа мешаваду карбогидрат ба даст оварда намешавад", —қайд намуд, Шаталов.
Пештар Gazprom Int хабар дода буд, ки дар ду минтақаи кишвар- "Сариқимиш" ва "Шоҳамбарии шарқӣ" барои ба даст овардани карбогидрат тадқиқот ба амал меорад.Дар ҳолати ёфт шудани нафту газ, захираи он дар умум метавонад 70-80 млрд кубометрро ташкил кунад.