ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik, Мария Шелудякова. Қарори "Газпром" дар бораи хотима бахшидани иктишофи геологӣ аз он вобаста аст, ки ин кофтуков ягон натиҷа надод, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршиноси Донишгоҳи тадқиқоти стратегии Русия Аждар Куртов.
Соли 2008-ум "Газпром"-и русӣ барои тадқиқоти геологии қитъаҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии шарқӣ" иҷозатнома гирифт. Кофтани чоҳи "Шаҳринав 1-п" моҳи декабри соли 2010 оғоз гардид. Чоҳи кофташуда чуқуртарин чоҳест, ки дар тамоми Осиёи Миёна то ба ин рӯз барои дастрас намудани газу нафт кофта шуда бошад.
Коршинос қайд намуд, ки дар Тоҷикистон коркарди захираҳои табии барои дигар кишварҳо бидуни мақсад аст.
"Дар аввал "Газпром" умед дошт, ки ба газу нафт даст хоҳад ёфт, аммо ноумед гашт. Тоҷикистон- кишвари баландкӯҳ аст. Ин он маъноро дорад, ки қабатҳои карбогидрит дар чуқуриҳои хело калон ҷойгир шудаанд. Барои то ин қабатҳо чоҳ кандан, бояд сараввал сангҳои кӯҳиро буррид. Тамоми фаъолияти иқтисодӣ дар кӯҳҳо, ба тадқиқоти ҳамворӣ дида, қимматтар аст "- шарҳ дод Куртов.
Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, ки дар қаъри замини ин мамлакат "қариб ҳамаи ҷадвали Мендалеев" мавҷуд аст, арзиши маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба маротибаҳо аз молҳои дар дигар кишвар истеҳсолшаванда қимматтар мебошад. Ғайр аз ин коршинос қайд намуд, ки дар масъалаи ҷуғрофӣ ин кишвар "кишвари баста" ба ҳисоб меравад.
"Истифодабарандагони гази табиӣ дар ҳамсоякишварҳо ҳатто мавҷуд нест. Гази табиии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, метавонад танҳо дар талаботҳои дохилӣ истифода шавад, намунаи Қирғизистони ҳамсоя бошад, нишон медиҳад, ки аҳолии кишвар ройгон гаштани қувваи барқ ва гази табииро хоҳишманданд."- меҳисобад Куртов.
Ҷанбаи сиёсӣ низ, ба ақидаи коршинос, ба қарори "Газпром" таъсир намудааст. Вақтҳои охир кишвари Афғонистони ҳамсоя ба давраи дигари бесуботӣ расид, зеро қувваи дигаре бо номи "Давлати исломӣ" пайдо шуд, ки тарафдорони ҳаракати "Толибон"-ро ба худ ҷалб мекнад ва мехарад.
"Тоҷикистон- дар марзи Афғонистон кишвари наздик мебошад. Таҳдиди доимии ҳуҷуми ҳарбӣ- яке аз хатарҳои сиёсие мебошад, ки онро ҳама сармоягузорон ба мадди назар мегиранд."Давлати исломӣ" назар ба толибон, нақша дорад, ки дар ҳудуди собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама дар кишварҳои Осиёи Миёна паҳн шавад. Гузаронидани иктишоф дар чунин шароит аз хатар дур нест",- гуфт ӯ.
"Газпром"-и Русия дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2003-юм сар карда, таҳти нақшаи созишномаи ҳамкории старатегӣ дар соҳаи газ байни ширкати русӣ ва ҳукумати кишвар фаъолият мекунад.