Нуриддин Давронов ба “Дунав”-и Булғористон гузашт

© Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Давронов. Акс аз бойгонӣ
Нуриддин Давронов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз бозингари собиқи дастаи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” Искандар Ҷалилов футболбози дигари машҳури тоҷик Дваронов ҳам клуби футболи худро дигар мекунад.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Капитани дастаи футболи  мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи "Истиқлол" Нуриддин Давронов мехоҳад бозиро дар клуби булғории "Дунав" давом диҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсия футболи ҶТ.

Акнун Нуриддин якҷоя бо Искандар Ҷалилов, ки пештар дастаи худро дигар намуда буд, бозӣ мекунад.

Малайзиҳо барои бозӣ бо "Истиқлол" аз Бразилия футболбоз оварданд

"Нуриддини  25 сола охири ҳафтаи гузашта ба гурӯҳи  "драконҳо" расид ва имрӯз ба шартномаи байни даста имзо гузошт. Клуби нави Нуриддин Давронов дар байни ҷадвали дастаҳои пешрави Булғория ҷои дуввумро мегирад",- омадааст дар хабар.

Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клуби нави худ аллакай метаванад  санаи 19 август  баромад кунад. Дар он рӯз дастаи "Дунав" дар даври чоруми мусобиқа бо дастаи "Локомотив"(Горна) ба бозӣ мебарояд.

Лентаи хабарҳо
0