ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тими футболи "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия барои иштирок дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 ва вохурӣ бо тими футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон вориди пойтахт шудааст, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Федератсияи футболи Тоыикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, сармураббии "Ҷоҳор Дарул Такзим" Роберто Карлос Марио Гомес барои вохурӣ бо дастаи "Истиқлол" 23 бозингари худро ба Тоҷикистон овардааст, ки миёни онҳо футболбозони Аргентина, Бразилия ва Сингапур ҳам ҳастанд.
Ҳайати "Ҷоҳор Дарул Такзим" дар бозӣ муқобили "Истиқлол":
Сармураббӣ: Роберто Карлос Марио Гомес; ҳимоятгарон: Айдил Зауфан Абдул Раззоқ, Маркос Антонио (Бразилия), Амир Сайдин, Даудсу Ҷамолиддин, Маҳаллӣ Ҷасулӣ, Низом, Сукумаран; нимҳимоятгарон: Супия Чантуру, Субраманян Куналан, Гарри Стивен Раббот, Муҳаммад Шафиқ Раҳим (капитан), Харис Харун (Сингапур), Муҳаммад Амир-ул-Ҳодӣ Зайнал, Фазлӣ Мазлан, Ҷасасрин Ҷамолиддин, Шокир Шаарӣ, Назрин Навӣ; ҳамлагарон: Лусиано Фигероа, Леандро Веласкес (ҳар ду аз Аргентина), Шафӣ Солӣ, Муҳаммад Амрӣ Яҳё; Дарвозабонҳо: Муҳаммад Ишам Тармизӣ, Ал-Ҳафиз Ҳамзан, Муҳаммад Фаризал Марлиас.
Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 миёни дастаҳои "Ҷоҳор Дарул Такзим" ва "Истиқлол" рӯзи 31 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тавре қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ин бозиро доварон аз Ҷопон доварӣ хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Точо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шуда, ёварони довари ФИФА — Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони хати майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Гонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки маблағи ҷоизаи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)- 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба тими дар бозии ниҳои шикастхӯрда 250 ҳазор доллар супурда мешавад.
Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад. Ба сабаби хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, тимҳои футболи он наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.
Ҳамин тавр, бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар онҳо бояд рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои "Ҷоҳор Дарул Такзим" (Малайзия) — "Ал-Қодсия" (Кувайт) ва "Истиқлол" (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд ва дастаи "Истиқлол" ва "Ҷоҳор Дарул Такзим" пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд.
Тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки барои аввалин бор дар Ҷоми AFC ширкат меварзад, дар таърихи футболи тоҷик боз як саҳифаи тоза кушод. Ягон дастаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки аз ҷиҳати моҳият ҳамчун мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё дувум аст, ба чунин дастовард мушарраф нашудааст.