ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Кубан дар шаш моҳи аввали соли 2016 судиҷрочиёни таъминкунандаи нигоҳдории тартиби муқарраршудаи фаъолияти судҳо (ТНТМФС) бо қарори суд 736 муҳоҷири хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандиро хориҷ намуданд, хабар додааст судиҷрокунандаи асосӣи минтақаи Краснодар Александр Кумиров.
"Дар шаш моҳи соли 2016 судиҷрокунандагони ТНТМФС бо қарори суд аз ҳудуди Федератсияи Русия 736 муҳоҷир ва шахсони бидуни шаҳрвандиро берун намуданд. Дар ҳамин муддати соли гузашта 660 муҳоҷири ғайриқонунӣ берун карда шуда буд"- қайд намудааст, Кумиров.
Ӯ ҳамчунин муайян кард, ки дар байни муҳоҷирони берункардашуда асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буданд.
"Инҳо аз Ӯзбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ",- гуфт ӯ ва илова кард, ки дар ҳамон давраи ҳамин сол то муассисаи махсус, бо қарори суд 792 шаҳрванди хориҷа ва бидуни шаҳрвандӣ берун карда шуда буданд, ки ба 171 нафар зиёдтар аз шаш моҳи соли гузашта мебошад.