ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ боиси маргу духтарчаи 2-сола дар ноҳияи Ашт гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.
"Рӯзи 7-августи соли 2016 тахминан соати 07:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 53-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ифтихори ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, духтарчаи 2-соларо пахш намудааст",-омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа духтарчаи хурдсол бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар баробари ин дафтари матбуоти мақомот дар бораи ҳолати дигари садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои мақомот худи ҳамон рӯз тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", марди 50-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Данғара ба самти ш.Қурғонтеппа, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар бехатариии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ҳангоми ба сабқат баромадани автомашинаи тамғаи "Долун" таҳти идораи марди 51-солаи сокини ноҳияи Данғара, ба автомашинаи тамғаи "Долун" бархӯрда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Тойота-Прадо" таҳти идораи марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бармехӯрад.