Резиши санг ба марги ду нафар мунҷар шуд. Дар ВМКБ

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРоҳи кӯҳии Помир. Акс аз бойгонӣ
Роҳи кӯҳии Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи Бартанг-Рушон резиши санг боис ба марги ду нафар гардид. Дар пайи сангрезӣ се каси дигар захмӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи нохуши табиӣ дар шоҳроҳи Бартанг-Рушон хабар медиҳад.

Куҳҳои Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Водии Бартанг: минтақаи дар инзивоъ монда

Бино ба иттилои манбаъ рӯзи 3 август тахминан соати 21:00-дақиқа, автомашинаи тамғаи "Уаз-469", таҳти идораи ронанда, марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯшон, ки аз самти деҳаи Бардара ба самти маркази ноҳияи мазкур ҳаракат мекард, дар мавзеи Бадрудӣ аз болои кӯҳ сангпораҳо афтида, ба болои автомашина задааст.

Дар пайи сангрезӣ автомашинаи мазкур аз роҳи мошингард ба даруни дарёи Бартанг чаппа шуда, дар об ғарқ шудааст.

"Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина се нафар ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони ноҳияи Рӯшон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофирони дигари автомашина марди 26 ва 29-солаи сокинони ҳамин ноҳия дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд",-омадааст адр хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0