Зодаи Тоҷикистон дар Русия ба 9,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини шаҳри Истаравшан бо ҷурми фурӯши тақрбан 6,5 кг маводи мухаддир бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт аз озодӣ маҳрум гардид.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Додгоҳи вилояти Саратови Русия нисбати зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми фуруши ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи нашъадор ҳукм баровард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба ёвари калони прокурори нақлиёти вилояти Саратов Екатерина Волкова.

Рейди ХММ барои дарёфти муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД-и Русия 5,5 ҳазор муҳоҷирро хориҷ кард

Додгоҳ маълум кард, ки сокини шаҳри Истаравшан моҳи март миқдори махсусан калони маводи нашъдор-6,4 килограмм афюн дар 15 халтаро аз Саратов  бо мақсади фурӯш дар қаламрави Русия овардааст.

Муайян карда шуд, ки гунаҳкор тариқи қатора аз Маскав ба Саратов сафар карда, аз он ҷо борхалтаро гирифта мақсади баргаштанро доштааст. Дар ҳоли ба автобус савор шудан ӯ дастгир гардидааст.

"Дастгиршуда ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст. Ҳамин тавр додгоҳ ӯро ба 9,5 соли маҳрумият аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳи низомаш сахт маҳкум кард",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Додгоҳ шаҳрванди Тоҷикистонро аз рӯи моддаи "кушиши хариду фурӯши ғайриқонунии қисми махсусан калони маводи мухаддир" айбдор донист.

Лентаи хабарҳо
0