ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Аз 5 то 25-уми май дар Маскав амалиёти профилактикӣ ҷустуҷӯии "Нелегал-2016" ва "Заслон-2016" гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Сарраёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Маскав.
Ба гуфти сардори Сарраёсати ВКД-И Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин дар доираи амалиёт зиёда аз 14 ҳазор ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шуда, наздики 150 ҷинояткор дастгир гардиданд ва фаъолияти 4 гурӯҳи этникӣ манъ карда шуд.
"Дар кори амалиёт ҳамарӯза наздики 5,5 ҳазор кормандони пулис ва 1350 гурӯҳи фаврӣ фаъол буданд. Дар рафти амалиёт бозорҳо, марказҳои савдо, манзилҳои зист, корхонаҳо ва дигар бозорҳои меҳнати муҳоҷирон санҷида шуданд-дар умум зиёда аз 36 ҳазор обект аз назар гузаронида шуд",-омадааст дар иттилоия.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 362 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, бо сабаби риоя нагардидани қонунҳои муҳоҷиратӣ 36 миллион рубли русӣ ҷарима таъин карданд.
"Аз қаламрави Русия зиёда аз 5,5 ҳазор муҳоҷир пеш карда шуданд",-қайд мегардад дар хабарнома.
Дар рафти баргузории амалиёти вижа 43 адад ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳ, аслиҳа, маводҳои тарканда ошкор карда шуданд. Ҳамчунин зиёда аз 65 ҳазор нақлиёт аз назар гузаронида шуда, наздики се ҳазор ҳолати кофтуков анҷом дода шуд, дар натиҷа наздики ду кило маводи мухаддир дарёфт гардида 180 адад силоҳ мусодира гардид.
Дар қисми ғарбии пойтахт иншоотҳои ғайриқонунӣ дарёфт гардиданд, ки дар он шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи шахсӣ аз сокинони ин бино як адад мағозаи калашников дарёфт гардида, як адад маводи тарканда мусодира карда шуд.
"Чунин манзилҳои ғайриқонунии муҳоҷирон таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунанд, чунки онҳо метавонанд макони нигоҳдории аслиҳа ва маводи мухаддир бошанд",-қайд кард Якунин.