ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Истифодаи сигорҳои электронӣ аксаран ҷавононро ба сигоркашони ҳақиқӣ табдил медиҳад. Ҷавонон дар навбати худ ин машғулиятро чун муд қабул карда хуш мепазиранд, омадааст дар мақолаи табибони донишгоҳи Канада дар маҷаллаи Canadian Medical Association Journal.
"Сигорҳои эелектронӣ аз тарафи калонсолон аксар маврид бо мақсади даст кашидан аз сигоркашӣ истифода мешавад. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки аксари ҷавонон ва мактаббачагон ҳатто онҳое, ки қаблан аз сигорҳои ҳақиқӣ истифода мекарданд, сигорҳои электрониро танҳо ба хотири "чизи нав ва шавқовар" буданаш истифода мебаранд",-изҳор дошт Майкл Кхури (Michael Khoury) аз Донишгоҳи Торонто (Канада).
Кхури ва ҳамкоронаш баъди мушоҳидаи паҳншавии одатҳои бад миёни тақрибан 2,5 ҳазор навраси аз 14 то 15 сола, ки дар муассисаҳои таҳсилоти Канада ва минтақаҳои наздики Ниагара таҳсил мекунанд ба хулосаи дар боло зикршуда омаданд.
Зимни мушоҳидаи истифодаи сигорҳои электронӣ аз ҷониби хонандагони синфҳои нуҳум олимон кушиш мекарданд, муайян намоянд, ки оё ин намуди сигорҳо ба паҳншавии сигоркашии ҳақиқӣ таъсир мерасонад ё не.Чанде қабл гурӯҳи дигари олимон дар мақолаи худ қайд намуданд, ки шумораи сигоркашони ҳақиқӣ дар ИМА баъди пайдо шудани сигорҳои электронӣ, ки сабаби зиёд шудани вобастагии инсон аз никотин мешавад, кам шудааст.
Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки 10%-и мактаббачагон ҳатто онҳое, ки қаблан аз сигорҳои ҳақиқӣ истифода мекарданд, сигорҳои электрониро танҳо ба хотири "чизи нав ва шавқовар" буданаш истифода мебаранд
Дар рафти гузаронидани тадқиқот далели истифодаи сигорҳои элетронӣ қабл аз сигоркашии ҳақиқӣ-барои олимон ҳодисаи бисёр ҳам ташвишовар шуд. Бо ҳамин сабаб онҳо мақомоти ҳукуматии кишвар ва ҷамъиятро даъват мекунанд, то ба сигорҳои электронӣ низ чун ба сигорҳои оддӣ манмуният ҷорӣ шавад ва гардиши сигорҳо ба танзим дароварда шавад. Ба гуфти онҳо дар Канада ва минтақаҳои алоҳидаи ин кишвар аллакай чунин тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд.