Олимон сабаби фаромӯшхотирии пиронсолонро маълум карданд

© Sputnik / Игорь Маслов / Гузариш ба медиабонкНафақахӯрон. Акс аз бойгонӣ
Нафақахӯрон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Одамони солхӯрда ҳангоми сӯҳбат одатан ҷузъиёти муҳимро фаромӯш мекунанд, сабаби инро олимон дар пур будани хотира ва боварӣ надоштан ба мустаҳкамии хотираи худ медонанд, омадааст дар мақолаи маҷаллаи Neuropsychologia.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Нафарони солхӯрда ба ҷои ҷузъиёти муҳим, маълумотҳои иловагии ҳодисаро дар хотир мегиранд ва ин боиси фаромӯшхотирии онҳо мегардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба мақолаи нашргардидаи олимон дар маҷаллаи Neuropsychologia.

Кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: синну сол ва одатҳои падар ба саломатии кӯдак таъсир мерасонад

"Ҳангоме, ки нафарони солхӯрда мехоҳанд ҳодисаеро ба ёд биёранд, одатан онҳо ҷузъиёти онро ба ёд овардан наметавонанд. Чунин фаромӯшхотирӣ дар ҳоле пайдо мешавад, ки мағзи сар на худи ҳодиса балки, дигар ҷузъиёти иловагии онро-масалан, ки суруд мехонд, одамони мизи ҳамсоя дар бораи чи нақл мекарданд, дар хотир мегирад. Ва ин барои ба хотир овардани ҷузъиёти муҳими ин ё он ҳодиса барояшон монеъа эҷод месозад",-нақл мекунад Одри Дуарте (Audrey Duarte) аз донишкадаи Технологии Ҷорҷи ИМА.

Дуарте ва ҳамкоронаш барои муайян кардани сабаби фаромӯшхотирӣ бо шахсони солхӯрда ва ҷавонон таҳқиқот гузарониданд. Онҳо ба пиронсолон суратҳоро нишон дода, баъди чанде талаб намуданд, то расми дар акс бударо ба ёд оварда гӯяд, ки дар он чи дарҷ гардида буд.

Сирри таҷриба дар он буд, ки олимон ҳангоми нишон додани суратҳо ба нафақахӯрон халал мерасониданд, намегузоштанд, ки онҳо ба як акс вақти тӯлонӣ нигоҳ кунанд ва онро бо дигар сурат иваз мекарданд. Пас аз як соат бошад аз пиронсолон ва ҷавонон ба ёд овардани ашёҳои тасвиршударо мепурсиданд.

Бо сабаби халал расонидани олимон ҳам ҷавонон ва ҳам пиронсолон сурати аввалро дар ёд надоштанд, вале акси дуюмро ки барои дарки сурати аввал ба онҳо халал мерасонид хуб дар хотир доштанд.

Нишонаҳои аввалин фаромӯшхотирӣ ҳангоме пайдо шуд, ки олимон ба онҳо бо суоли "Шумо дар ҳақиқат бовар доред, ки акс чунин буд",  муроҷиат карданд, дар чунин ҳолатҳо нафақахӯрон дарҳол фикрашонро иваз карда суханони авалаашонро рад мекарданд.

Сабаби асосиашро олимон дар он мебинанд, ки пиронсолон ҳангоми дар ёд гирифтани ҳодисае, ҷузъиёти иловагии онро низ дар хотир мегиранд ва ҳангоми пурсидан онҳо ба худ бовар надоранд, ки ашёҳои ба хотир овардаашон асосӣ ҳаст ё на.

Нафақахурон ҳангоми гирифтани нафақа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: нафақахуроне, ки кор мекунанд дертар пир мешаванд

Мағзи сари ҷавонон бошад, ҷузъиёти иловагиро дар хотир намегирад ва диққати асосиро ба далелҳои муҳим равона месозад, аз ин рӯ ба ёд овардани қисми муҳими ҳодиса барояшон осон мегардад.  Ба қавли  Дуарте "Пуршавии мағзи сари пиронсолон бо маълумоти нолозим" сабаби осебпазир будани онҳо ба сӯистеъмоли афкор мешавад.

"Агар нафаре ба шумо гӯяд, ки ҳодисаеро бояд дар хотир гиред, дар сурати ба хотираи худ бовар надоштан шуморо зуд бовар кунондан мумкин аст. "Пуршавии мағзи сари пиронсолон бо маълумоти беҳуда", ки ба нобоварӣ ба хотираи худ оварда мерасонад, сабаби ба доми фиреби қаллобони молиявӣ афтодани онҳо мегардад. Ҳангоме, ки бо пиронсолон сӯҳбат карда мегӯянд мо қаблан бо шумо вохӯрда будем, онҳо ба хотири худ бовар накарда ба ҳодисаи рух надода бовар мекунанд",-хулоса мекунад Дуарте.

Лентаи хабарҳо
0