ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Соли 2014 барои муайян кардани таркиби нос, чанд намуди он аз ҳар минтақаи кишвар ба Амрико ва Русия барои ташхис ва таҳқиқ фиристода шуд, иброз дошт муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров.
Ба гуфти ӯ, пас аз ташхис муайян гардид, ки он маводи кимёвие, ки дар нос аст, ҳатто дар таркиби сигор вуҷуд надорад.
"Масъалаи истеҳсол, фурӯш ва истеъмоли хокаи аз тамоку истеҳсолшуда, яъне нос ягон стандарти давлатӣ, регламент ва тарзи тайёр кардан надорад. Дар ҳар маҳал носро бо ҳар тарз истеҳсол мекунанду бо ҳар бренд мефурӯшанд",- афзуд оқои Ҷаъфаров.
Пажуҳиш маълум кардааст, ки таркиби нос 10 маротиба бештар маводи кимёвии зараровару заҳролуд дорад. Металлҳои вазнине, ки дар таркиби нос мавҷуданд, аз ҷумла; малибден, сурб, ишқорҳо ва ғайра, пардаи луобии даҳонро вайрон мекунанду металлҳои вазнин ба бемориҳои саратон ва захми меъда оварда мерасонанд.
Гуфтанист, дар манотиқи куҳистони Тоҷикистон барои тайёр кардани нос хокистари дарахти арча истифода мешавад. Дар шаҳрҳо оҳак ва ё хокистари поруи паррандагонро истифода мекунанд.
Ба иттилоъи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикиктон ҳудуди 8,7 % мардони аз 15 то 59 сола ттамоку мекашанд. Ин нишондод нисбат ба занон 0% мебошад. Ҳол он ки қариб 40% мардон ва 3% занҳое, ки дар деҳоти кишвар умр ба сар мебаранд, нос мекашанд.