ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Мувофиқи қарори додгоҳи Маскав боздошти сардори шӯъбаи №3 "Ритуал" дар бастагӣ бо занозании гӯристони Хованское то 14 август тамдид карда шуд.
"Додгоҳ дархости тамдиди боздошти Чабуевро тасдиқ кард",-гуфт додситон.
Чабуев, ки роҳбарии гӯристони Хованскоеро бар дӯш дошт, дар куштори ду ва зиёда нафар аз ҷониби гурӯҳи одамон тариқи маслиҳали пешакӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва авбошӣ мутаҳҳам карда мешавад.
Чабуев ба гуноҳи худ иқрор нашуд ва изҳор дошт, ки ӯ ӯҳдадориҳои худро иҷро кардааст. Чуноне, ҳимоятгари ӯ иброз дошт Чабуев кӯшиш мекард бо кадом роҳе ки набошад занозаниро хотима диҳад ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст.
Дар баробари собиқ роҳбари қабристон Юрий Чабеув боз шаш гумонбари дигар аз ҷумла собиқ корманди пулиси шӯъбаи ноҳияи Хамовники Никита Мошенко низ то 14 август дар маҳбас хоҳанд монд.
Бино ба иттилоъи ВКД-и Русия муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд. Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Вазъи саломатии 4 ҷабрдида вахим арзёбӣ мешавад.
Ҳимоятгарони ӯ изҳор доштанд, Чабуев кӯшиш мекард бо кадом роҳе ки набошад занозаниро хотима диҳад ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст.
"Ман ҳангоми иҷрои вазифа танҳо мувофиқи қонунҳои амалкунада ва конститутсияи Русия ба нафъи сокинони шаҳри Маскав амал кардам",-гуфт Чабуев дар рафти суд.