Собиқ роҳбари гӯристон дар ташкили куштор айбдор мешавад

Обуна шудан
Муфаттишон қазияи Хованскоеро ҳамчун куштори ду ва ё зиёда нафар бо маслиҳати пешакӣ дониста Юрий Чабуев ва ҳаммаслакашро дар ташкили он айбдор медонанд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Муфаттишон собиқ раиси гӯристони Хованское Юрий Чабуев ва ҳуқуқшинос ҳаммуассиси ташкилоти "Здоровая нация" Александр Бачарниковро дар ташкили куштор айбдор донистанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашриёти "Комерсант".

Муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд. Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Вазъи саломатии 4 ҷабрдида вахим арзёбӣ мешавад.

Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи Хованское ҷазои сазовор хоҳанд гирифт

Бочарников аввалин дастгиршуда баъди задухӯрди оммавӣ мебошад, ӯро дар авбошӣ ва гардиши ғайриқонунии аслиҳа айбдор донистанд. Чабеувро бошад, ки то боздошт шудан вазифаи раҳбарии қабристони Хованскоеро бар дӯш дошт, муфаттишон ташкилкунандаи задухӯрд медонанд.

Ҳимоятгари Бочарников қаблан хабар дода буд, ки зерҳимояи ӯ гӯё шоҳиди муноқиша миёни як муҳоҷир ва зани пир шудааст, ки муҳоҷир аз зан қасди гирифтани маблағро доштааст. Маъмурияти қабристон ба ӯ посух додаанд, ки чандин маротиба кӯшиши берун кардани чунин муҳоҷиронро доштанд, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намуда буданд, амммо ягон натиҷа надод.

Бочарников, ки хешу ақрабояш дар ҳамин гӯристон ба хок супурда шудаанд, ба Чабуев ба сифати нозири ҷамъиятӣ ёрӣ пешниҳод кардааст.

Чуноне, "Комерсант" хабар медиҳад сабаби задухӯрди оммавӣ на низоъи оддӣ, балки кӯшиши Чабуев барои таҳти назорати худ қарор додани муҳоҷирони тоҷик будааст. Иттилоъ дода мешавад, ки раҳбари қабристон мехост муҳоҷиронро маҷбур созад, "ё нисфи маблағи худро ба ӯ диҳанд ё фаъолияташонро дар ин ҷо қатъ намоянд".

Занозании оммавӣ дар қабристони Хованское дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи Хованское: ҷустуҷӯи адвокатҳо, муҳоҷирони тоҷик ва мушкилот

Муфаттишон қазияи Хованскоеро ҳамчун куштори ду ва ё зиёда нафар бо маслиҳати пешакӣ дониста Юрий Чабуев ва ҳаммаслакаш Александр Бачарниковро дар ташкили он айбдор медонад, менависад рӯзнома.

Ҳамчунин манбаи "Комерсант" изҳор доштааст, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Сӯҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованское маълум нест. "Ташхиси пешакӣ нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованское, балки дар шимоли он ёфт гардидааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад-"як соат вақт мегирад".

Дар умум дар рафти тафтишоти ҷиноятӣ вобаста ба қазияи Хованское додгоҳи Маскав 14 нафарро дастгир кардааст. Дар қатори онҳо пулиси собиқи шаҳри Маскав Никита Мошенко низ боздошт гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0