ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Интизор меравад, барои ҳимояи муҳоҷироне, ки рӯзи 31-уми май аз тарафи додгоҳи шаҳри Маскав барои чанд муддат маҳкум гардидаанд, чор ё панҷ адвокат фаъол шаванд.
"Дар ҳоли ҳозир мо як ҳимоягар дорем, ки ба кор оғоз кардааст. Ҳоло муштаракан бо хешовандони дастгиршудаҳо ба ҷустуҷӯи ҳуқуқшиносони ҳирфаӣ машғулем",- изҳор дошт ба Sputnik Тоҷикистон сарчашима аз сафорати ҶТ дар ФР.
Ба қавли манбаъ, ҳаққулзаҳмати ҳимоятгаронро хешовандон ва наздикони дастгиршудагон ва ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳанд супурд.
Дар баробари ин, ӯ илова кард, ки барои пардохти ҷуброни молии ҷабрдидаҳои қазияи "Хованское", ки ҳоло дар бемористонҳо қарор доранд, ҳузури вакили мудофеъ зарур аст.
Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ аз ироаи маълумот дар бораи ҳаҷми пардохт барои хидмати адвокатҳо худдорӣ карда афзуд, "бархе аз вакилони мудофеъ омодаанд бидуни ягон музд ба муҳоҷирон кумак намоянд.
Аммо ба Sputnik Тоҷикистон муяссар шуд, ки "музди кор"-и ҳуқуқшиносони варзидаро барои ҷалби эшон ба ин парвандаи пурсару садо муайян намояд. Рушан гардид, ки як адвокати ботаҷриба на камтар аз 300 ҳазор рубли русӣ талаб хоҳад кард.
"Маблағ ба ду қисми баробар тақсим мешавад- 150 ҳазор рубл барои тафтишоти пешакӣ, қисми дигар бошад, барои мурофиаҳои додгоҳӣ",-изҳор дошт коршинос Андрей Князев.
— "Вале ин рақамҳо мушаххас нестанд, мумкин нарх пасттар бошад ва ё баландтар. Вале аз ҳама нархи арзони ҳимоягар ин 50 ҳазор рубл мебошад, вале бо ин маблағ танҳо адвокати бетаҷрибаро ҷалб кардан мумкин асту бас".
Дар баробари ин, масъалаи маблағ дар ин қазия мушкили асосӣ нест. Мушкилоти дигар ин аст, ки қисмҳои муҳими ин парванда бояд аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шавад, барои ин бошад, вақт иловагӣ лозим аст.
"Як нозукии кор боз он аст, ки агар якчанд ҳимоягар дар қазия саҳим шаванд, маълум нест, ки он то куҷо тул мекашад. Шояд яке аз онҳо бемор шавад, дигаре ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд, сеюмӣ аз ҳимоя даст мекашад ва кор ҳамин тавр мемонад. Ба фикри ман муҳоҷирон то маълум шудани қарори додгоҳ ним сол дар маҳкама мемонанд",- илова кард оқои Князев.
Ба гуфти вай, тайи ин муддат таҳқиқи парванда идома ёфта, ҷузъҳои муҳими он ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, ҳимоягарон бо парванда шинос мегарданд, баъд мурофиаҳои додгоҳӣ сурат мегиранд ва танҳо пас аз ин арзу шикоятҳо қабул карда мешаванд.
"Дар қазияи "Хованское" қурбониён низ ҳастанд, барои таҳқиқи парванда ҳамчунин натиҷаҳои санҷишҳои мухталиф лозим мешаванд ва боз ҳам барои ин кор вақти иловагӣ. Вале агар ҳуқуқшиносоне, ки забони тоҷикиро медонанд ба ҳимояи муҳоҷирон машғул шаванд, кор зудтар анҷом хоҳад ёфт",- афзуд Князев.
Ёдовар мешавем, ки додгоҳи Твери Маскав рӯзи 31-уми май нисбати Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Диловар Юнусов парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳо бо қарори додгоҳ дар боздошт ба сар мебаранд.
Бино ба иттилоъи ВКД-и Русия муноқиша ва задухурди мусаллаҳонаи муҳоҷирон бо як гуруҳи ҷинояткорон дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Аснои амалиёти пулис беш аз 90 нафар дар робита ба қазия дастгир гардиданд.
Дар пайи ин ҳодиса, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд. Вазъи саломатии 4 ҷабрдида вахим арзёбӣ мешавад.