Дар Тоҷикистон 6 июл Иди Фитр ҷашн гирифта мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевҶашнгирии Иди Фитр дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Ҷашнгирии Иди Фитр дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол 6 июн оғоз гардид. Дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 6-30 дақиқаи рӯзи 6 июл намози ид гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҷашни бузург бахшида ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон-Иди Фитр дар Тоҷикистон санаи 6 июл баргузор мегардад.

Дар рӯзи ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 6-30 дақиқаи рӯзи 6 июл намози ид гузошта мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон, ки аз рӯйи тақвими исломӣ ҳамасола тахминан 11 рӯз пештар фаро мерасад, имсол аз  6-уми июн оғоз шуда, то 5-июл идома мекунад. Дар моҳи Рамазон мусулмонон аз хӯрдану ошомидан ва корҳои ношоиста дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд.

Доиншҷӯён ҳангоми дарсомӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин

Дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид гардидааст, ҳамчунин барои мусулмонон як қатор сабукиҳо низ муқаррар шудаанд. Аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд.

Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони фаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.

Лентаи хабарҳо
0