Олимон: ибодат ва боварӣ ба Худо занонро аз майли худкушӣ бозмедорад

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкИбодат. Акс аз бойгонӣ
Ибодат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони амрикоӣ ҳолатҳои худкуширо миёни занони синну солашон миёна ва аз 50 боло омӯхта ба хулоса омаданд, ки иштирок дар хизматрасониҳои динӣ эҳтимоли худкуширо паст мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар пайи омӯхтани ҳолатҳои худкушӣ аз ҷониби занон олимон ба хулоса омаданд, ки хизматрасониҳои динӣ, ибодат ва боварӣ ба Худо эҳтимолияти худкуширо паст менамояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба маҷаллаи JAMA Psychiatry.

Нафақахӯрон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон сабаби фаромӯшхотирии пиронсолонро маълум карданд

"Хулосаи мо маънои онро надорад, ки табибон ба беморони худ танҳо рафтан ба хидматҳои калисо ва ҷойҳои дигари хизматҳои динӣ тавсия намоянд. Мо танҳо метавонем бигӯем ки ин намуди тавсия танҳо ба бемороне, ки то ин дам ба хидматҳои маконҳои динӣ, мерафтанд ва онро чун яке аз ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул мекарданд,тавсия дода шавад. Дин ва ибодат танҳо дар ҳолати ҷоиз будан метавонад чун манбаъи истифодаи табибон ва духтурони касалиҳои рӯҳӣ барои беҳтар намудани саломатии беморон қарор гирад",-изҳор дошт Тайлер Вандеруили (Tyler VanderWeele) аз Донишгоҳи Гарварди ИМА.

Вандеруили ва ҳамкоронаш баъди мушоҳидаи вазъияти саломатии ҷисмонӣ ва равонии зиёда аз 70 ҳазор зан, ки дар лоиҳаи мониторинги саломатӣ миёни ҳамшираҳои шавқат (NHS), аз соли 1992 то соли 2012 гузаронида шуд ба хулосаи дар боло зикршуда омаданд.

Дар рафти пурсиш занон натанҳо дар бораи тарзи зист, ғизо ва одатҳои бади худ нақл мекарданд, балки дар бораи боварии худ ба Худо ва иштирок дар хидматҳои динӣ маълумот медоданд.

Дар рафти тадқиқот Вандеруили ва ҳамкоронаш ба хулоса омаданд, ки диндорӣ ва  ибодат ба худкушии занон таъсири мусбат мерасонад. Дар пайи гузаронидани тадқиқот маълум гардид, ки шумораи камтарини ҳолатҳои худкушӣ миёни ҳамшираҳои шавқате ба қайд гирифта шуд, ки мунтазаман ба ибодат машғул ҳастанд. Дар давоми солҳои 1992-2012 миёни занони диндор танҳо 36 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Валерий Спиридонов аввалин нафаре, ки ба ҷарроҳии мағзи сар розигӣ додааст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин ҷароҳии пайванди сари инсон дар Олмон гузаронида мешавад

Одатҳои динии занонро муқоиса намуда, олимон ба хулоса омаданд, ки ташрифи мунтазами онҳо ба  ҷойгоҳи ибодат эҳтимолияти ба худкушӣ даст задани онҳоро хеле паст намуд. Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки ибодат ва боварии амиқ ба Худо ба эҳтимоли худкушии занон таъсири мусбат дорад.

Равоншинос Харолд Кёниг (Harold Koenig) аз Донишгоҳи Дюкаи Дарем бо чунин изҳорот розӣ нест. Ба гуфти ӯ барои истифодаи чунин натиҷаҳо дар соҳаи тандурустӣ "лозим аст, ки дигар гурӯҳи олимон ин тадқиқотро таркор карда ба натиҷаҳои монанд ноил гарданд.  Айни замон бошад ба чунни хулосаҳо бояд боэҳтиёт назар кард".

Лентаи хабарҳо
0