Довталабони тоҷик табобат кардан мехоҳанд на сохтан

© Sputnik / Амир ИсаевИмтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон рӯзи 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ оғоз мегарданд. Зиёда аз 85 ҳазор довталаб барои дохил шудан ҳуҷҷат супурдаанд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ имсол чун солҳои қаблӣ интихоби довталабон ба касбҳои табибӣ ва ҳуқуқшиносӣ афтод, дар ҳоле, ки талаботи бозори меҳнати кишвар тамоман дигар аст.

Мувофиқи тадқиқоти Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ "Дар бораи талабот ва салоҳият" дар кишвар се бахши асосии иқтисод-соҳаи истеҳсолӣ, саноати коркард, сохтмон ва энергетика ба мутахасисон ниёз доранд.

Дар ин бахшҳо сол аз сол мутахассисони кордон кам шуда, баръакс хоҳишмандони табобат кардан ва ҳимоят кардан дар афзоиш аст.

Рӯйхати даҳгона

Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки имсол ба Донишгоҳи тиббии ба номи Абуали ибни Сино шумораи рекордии донишҷӯён ҳуҷҷат супоридаанд. Ба ин донишгоҳ 61 ҳазор нафар хоҳиши дохил шудан дорад, дар сурате, ки танҳо 1295 довталаб имкони қабул шуданро дороанд. Ҳамин тавр Донишгоҳи тиббӣ аз рӯи шумораи довталабон дар ҷои аввал меистад.

Имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2018 барои довталабон супоридани “эссе” ҳатмӣ мешавад

Баъди донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. 135 ҳазор довталаб хоҳиши дохил шудан ба ин донишгоҳро доранд, дар ҳоле, ки мувофиқи нақша танҳо 40 ҳазор ҷой барои довталабон ҷудо шудааст. Шумораи хоҳишмандон 3,5 маротиба зиёдтар аст.

Бо вуҷуди ин бояд зикр намуд, ки доираи ихтисосҳои Донишгоҳи миллӣ васеъ аст. Ин донишгоҳ ҳам ҳуқуқшиносону иқтисодчиён ва ҳам рӯзноманигорону ҳатто дорусозонро омода месозад.

Мақоми сеюм насиби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардид. Нақшаи қабул 2035 кас, хоҳишмандон бошанд 61216 нафар.

Баъди Донишгоҳи омӯзгорӣ рӯйхатро Донишгоҳи Политехникӣ, МГУ, Энергетикӣ, Донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон, Кӯҳӣ-металлургӣ ва баъд Донишгоҳи Кишоварзӣ ва Технологӣ идома медиҳанд.

Бармеояд, ки дар кишвари агро-саноатӣ майли камтарин ба ин соҳаи аст. Дар баробари ин насли ҷавон хоҳиши куҳканӣ низ надорад, дар ҳоле, ки 93 фисади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар соҳаи муҳандисӣ-сохтмонӣ низ ҷавонон наонқадар  фаъоланд, дар сурати он ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сохтмончиён талабот зиёд аст.

Хушбахтона Маркази миллии тестӣ ба доваталабони кишвар имкон медиҳад, ки ҳамгоми супоридани ҳуҷҷат 12 ихтисосро дар донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ интихоб намоянд. Рақамҳои дар боло овардашуда интихоби ихтисоси аввалини довталабон мебошад.

Нобаробарии талабот ва пешниҳод

Барои фаҳмидани талаботи бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ назаре ба пешгуиҳои соҳавӣ кофӣ аст.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

Ҳамин тавр тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017 дар соҳаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат 19,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, сохтмон-45,6 ҳазор, кишоварзӣ-67,9 ҳазор,  нақлиёт ва алоқа-5,5 ҳазор, савдо ва таъминоти умумӣ-92,7 ҳазор ва соҳаҳои дигар-71,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.

Дар миқёси минтақавӣ дар ду соли оянда қисми зиёди ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Хатлон ва Суғд (183,3 ҳазор) дар назар аст.

Бояд қайд намуд, ки шумораи бекорон сол аз сол дар кишвар зиёд шуда истодааст ва дар аксари маврид ба қавли коршиносони тоҷик сабаби асосӣ нобаробарии талаботи бозори меҳнат ва ихтисоси донишгоҳҳо мебошад.

Ҳамин тавр бино ба маълумоти расмӣ 22 фисади бекорон дар ҷумҳурӣ соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Шумораи бекорон бошад дар охири соли гузашта  55,5 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ногуфта намонад, ки мувофиқи маълумоти расмӣ дар қаламрави Русия зиёда аз 800 муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доранд. Мувофиқи тадқиқоти Вазорати меҳнат "Дар бораи талабот ва салоҳият" аксари онҳо маълумоти олӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0