ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Идораи "Россотрудничество" қабули озоди шаҳрвандони хориҷиро ба донишгоҳу донишкадаҳои Русия эълон кард. Роҳбари ин ниҳод Любов Глебова дар бораи шарту шароит ва паҳлуҳои мухталифи қабули донишҷӯён, гирифтани дипломи олӣ дар ФР нақл кард.
-Любов Николаевна, ҳар сол чанд нафар хориҷиён ба Русия барои гирифтани маълумоти олӣ меоянд?
— Се соли охир ФР ҳудуди 15 ҳазор шаҳрванди хориҷиро барои таҳсил даъват мекунад. Беш аз 400 донишгоҳҳои Русия ба ин лоиҳа шомил буда, довталабонро қабул менамоянд.
Соли 2016 мо бори аввал қабули довталабонро ба таври озод (боз) эълом намудем. Фаъолияти дигар ҳамкоронамонро аз мамлактҳои хориҷ таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки имсол довталабон метавонанд аризаҳои худро ба шакли электронӣ ирсол намоянд. Тартиби қабул дар умум дигар нашудааст, вале осонтару шаффофтар гардидааст. Равзанаи ягона имконият медиҳад, ки миёнаравие, ки пештар дар "гирду атроф"-и ин раванд сурат мегирифт, аз байн бурда шавад.
Шаҳрвандони 198 кишвари дунё метавонанд аризаҳои худро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба ихтисосҳои гуногун (шурӯъ аз донишгоҳҳои тиббӣ то истисосҳои техникӣ ва физикаи ҳастаӣ) ирсол кунанд. Ҷойҳои махсус барои ихтисосҳои забони русӣ, забоншиносӣ ва филология ҷудо карда шудаанд. Ҳама чӣ, ки бо забони русӣ алоқаманд аст, дар давлатҳои хориҷӣ талаботи бештар дорад.
-Шаҳрванди хориҷӣ бояд барои гирифтани квота чи кор кунад?
— Қабл аз ҳама бояд дар равзанаи www.russia.study номнавис шавад. Ин тартибро дар муддати 20 дақиқа метавон анҷом дод, шаҳрванди хориҷӣ шахсияти худро мушаххас намуда, суроғаи электронии худро менависад ва ҳамон лаҳза ҷавоби тасдиқро мегирад. Суроғаи электронӣ барои дар оянда бо довталаб робитаи зич доштан зарур аст. Чӣ гуна ба хабарҳо муносибат кардан ва фаъолияти баъдӣ аз худи доваталаб вобаста аст.
Баъди тафтиши ҳуввияти номзад, ӯ ба саволнома дастрасӣ пайдо мекунад. Дар саволнома довталаб маълумот дар бораи худ ва дастовардҳои шахсӣ, инчунин ихтисоси интихобкардаашро пешниҳод менамояд ва онро бо номаи асоснок равон менамояд. Анкета дар қатори рӯйхати ҳамаи довталабон қарор мегирад. Баъд мутахассиси масъули ҳамон давлат бо довталаб тамос мегирад ва интихоби пешакии номзад анҷом меёбад.
— Ба фикри шумо лоиҳаи мазкур ба Русия чӣ фоида дорад?
— Дар навбати аввал ин тарҳ ба таъминоти ояндаи донишгоҳҳои Русия ва сармоягузориии дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Донишҷӯёни хориҷӣ, ки донишгоҳҳои Русияро бо саводи хуб хатм мекунанд ва ба ватан бармегарданд, ҳам барои он кишвар ва ҳам раванди ҳамгироӣ хидмати арзанда карда метавонанд. Агар онҳо ба илму маориф сару кор гиранд, дар ин ҷода метавонанд, бо вазорати маорифи Русия ва ташкилотҳои дигарии он робитаи амиқ барқарор намоянд. Қисми бештар ва дар аксар ҳолат фаъоли донишҷӯёни хориҷӣ дар қаламрави ФР ба кору фаъолият машғул мешаванд. Дар маҷмӯъ, мо барои бахшҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоъи Русия аз ҳамин давра кадрҳоро ҷалб менамоем.
Ғайр аз ин, ҷойҳои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Руссия натанҳо барои бакалаврҳо, балки барои магистрҳо ва аспирантон низ ҷудо мешаванд, ин албатта нишондоди бевосита аст. Донишгоҳҳо дар сатҳи байналмиллалӣ робитаҳояшонро бо дигар мамлакатҳо тақвият медиҳанд ва рушд мекунанд.
Вале агар дар бораи донишҷӯёне, ки тариқи шартнома дар Русия таҳсил мекунанд, ҳарф занем, ин албатта, даромади назаррас барои донишгоҳҳо мебошад.
-Барои таҳсил дар Русия бояд забони русиро донист, ки наонқадар забони оддии ҷаҳонист. Оё барои шаҳрвандони хориҷӣ ягон кӯмаки омӯзиши забон дар назар дошта шудаст?
— Дар аксари донишгоҳҳои Русия факултаҳои тайёрӣ ва махсус барои омӯзиши забон вуҷуд доранд. Қисми донишҷӯёни хориҷӣ, ки забони русиро намедонанд, дар мудатти як сол ба омӯхтани ин забон машғул мешаванд. Вале барои ҳар яки ин донишҷӯён дар як сол наздики 100 ҳазор рубл сарф мешавад. Давлат маблағ сарф мекунад, одамон бошанд вақт.
Вобаста ба ин "Россотрудничество" тасмим дорад, дар мамлакатҳои гуногун маркази омӯзиши забони русиро кушояд.
- Оё талабгорони таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия зиёданд?
— Ҳоло талабгорон зиёд аст, бале шумораи онҳо бештар аз он аст, ки мо интизор доштем: одамони зиёд занг мезананд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, дар сомона номнавис мешаванд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони ИДМ довталаби таҳсили бепул дар ФР ҳастанд.
Қабули донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои ФР лоиҳаи ҳарсола ва дарозмуддат мебошад. Бо дар назардошти он, ки ин лоиҳа воситаи самараноки фаъолияти сиёсати хориҷии кишварамон аст, мехоҳем дар оянда шумораи ҷойҳои таҳсил (квотаҳо)-ро зиёдтар гардонем.