Дар соли 2018 барои довталабон супоридани “эссе” ҳатмӣ мешавад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестӣ тасмим дорад, гуруҳи корӣ ташкил карда, барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастурҳои методиро таҳия намояд.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки аз соли 2018 ба низоми марказонидашудаи қабули муҳассилин ба макотиби таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ супоридани кори хаттӣ ворид мешавад.

"Навоварӣ ба низоми қабули довталабон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ворид мешавад",- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, раисиҷумҳур барои ворид намудани иншои мухтасар, ё ба истилоҳ "эссе" аз фанни забони тоҷикӣ ба низоми имтиҳонҳои дохилшавӣ, моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб супориш дода буд.

Имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ММТ: ба ҳеч кас ришва надиҳед

Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи татбиқи ин дастур ҳафтаи равон зимни як ҷаласаи ин ниҳод ба баррасӣ гирифта шуд.

Барои ҷорӣ намудани кори хаттӣ (иншои мухтасар) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018, гуруҳи корӣ ташкил шуд, ки бояд фаъолияташро ҳаматарафа ба роҳ монда, барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастурҳои методиро таҳия намояд.

Лентаи хабарҳо
0