ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Имрӯзҳо ҷавондухтарони Эрон новобаста ба назорати қатъии пӯшидани ҳиҷоб худро дар хатар эҳсос мекунанд. Табиби 29-сола аз Теҳрон дар мусоҳиба бо Sputnik Persian дар бораи таҷрибаи худ нақл кард.
Дар солҳои аввали ғалабаи инқилоби Исломӣ (соли 1979) дар Эрон масъалаи ҷорӣ намудани пӯшидани ҳиҷоб-чун либоси ҳатмӣ набуд. Ҳадафи худи инқилоб низ на маҷбур сохтани занон ба пӯшидани ҳиҷоб, балки амиқтар ва олитар дониста мешуд. Баъдтар соли 1990 ҳиҷоб ҳамчун рамзи муқовимати сиёсии нерӯҳои сиёсӣ гардида, дар охир чун василаи баланд бардоштани амнияти ҷамъиятӣ рӯи кор омад. Аммо чунин нашуд. Ҳиҷоб сиёҳтар ва дарозтар шудан мегирифт. Дар баробари ин шумораи ҷиноятҳо зиёд мешуд ва асабонияти занон аз кӯча ба хонаҳо ворид шуда, боиси вайрон шудани чандин оилаҳо мегардид.
"Медонед, ман наметавонам бо боварӣ бигӯям, ки ҳиҷоб ба занони Эрон лозим аст ё на. Аз як тараф ман худам аз оилаи диндорон ҳастам ва риояи меъёрҳои исломӣ албатта дар оилаамон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин фикр мекунам бо ҳиҷоб худро дар кӯча оромтар, бехатар ҳис менамоям. Вале агар глобалӣ фикр кунем, ман худро бо ҳиҷоб наонқадар хуб ҳис мекунам",-қайд кард Париса.
Ба фикри ӯ имрӯзҳо духтарон чи гуна либосе, ки ба бар нанамоянд, худро дар кӯча бехатар ҳис намекунанд
"Мушкилоти асосии зани эронӣ дигар аст. Ҳангоме, ки зани эронӣ бо ҳиҷоб ба кӯча мебарояд дар сурати вохӯрдан бо зани дигар худро бо ӯ муқоиса намуда, фикр мекунад, ки оё ӯ ҳиҷобро дуруст пӯшидааст. Ин фишори оддӣ нест",-қайд кард ӯ.
Париса боре ҳам ба дасти "пулиси ахлоқӣ" наафтодааст ва худ муқобили чунин рафтори пулис аст, барои муқобил буданаш ӯ далел дорад. "Ман духтареро мешиносам, ки ба дасти "пулиси ахлоқӣ" афтода натавонист инро ба волидайнаш бигӯяд ва худро ноҳинҷор ҳис карда, ахиран ба ҳалокат расонид".
Ҳар як зани эронӣ аз пайдо шудани "пулиси ахлоқӣ" метарсад, ин тарси бузург буда, аз тарфи дигар хандаовар аст.
"Фикри ба дасти пулис афтодан ҳамеша гиребонгири кас мешавад. Дар ҳамаи нуқоти ҷаҳон вохӯрдан бо пулис маънои бехатариро дорад, вале на дар Эрон",-мегӯяд Париса.
Духтарак мӯътақид аст, ки ҳиҷоб танҳо мушкилоти ҷомеаро мепӯшонад ва пӯшидани он дар баробари дигар мушкилиҳо чун, сатҳи бекорӣ, зӯроварӣ, камбизоат, ночиз аст. Ба фикри ӯ пӯшидани ҳиҷоб ин мушкилоти ҷамъиятӣ ё давлатӣ нест, ин интихоби шахсӣ аст. Ва ба қавли ӯ ранг ва дарозии ҳиҷоб дар Эрон имрӯзҳо барои аксари мардон василаи баҳодиҳии занон мебошад.
"Ҳиҷоб дар воқеъ метавонад ва бояд рамзи арзишҳои оилавӣ нишони муносибатҳои хуби миёни занон ва мардон гардад. Мушкилоти асосӣ ин аз кадом нуқтаи назар таҳлил кардани он аст. Дар кишвари мо ҳиҷоб воситаи зӯроварӣ шудааст. Вале онро бояд барои созандагӣ, пешрафти фарҳанг, мустаҳкам кардани муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа истифода намуд, на барои зӯроварӣ",-хулоса кард Париса.