Додгоҳи олии Русия манъи ҳиҷоб дар макотиби Мордовияро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкДухтарак бо ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ
Духтарак бо ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Мордовия дар моҳи октябри соли 2014 баъд аз он ки як духтарак дар вақти таннафус сӯзанаки ҳиҷобро фурӯ бурд, қарор кард, ки пӯшидани ҳиҷоб дар макотиби ин минтақа мамнӯъ шавад.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шикоят аз қарори Додгоҳи олии Мордовия дар бораи манъи пӯшиши ҳиҷоб дар макотиби минтақа имрӯз дар Додгоҳи олии Русия баррасӣ мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар моҳи октябри соли 2014 баъд аз он ки як духтарак дар вақти таннафус сӯзанаки ҳиҷобро фурӯ бурд, Додгоҳи олии Мордовия пӯшиши ҳиҷоб дар макотиби манотиқро мамнӯъ кард. Аз ин пеш ҳукумати минтақа қарори манъи пӯшиши ҳиҷобро қабул кард, вале намояндагони ҷомеъаи мусалмоннишин ин қарорро ғайриқонунӣ дониста ба додгоҳ муроҷиат карданд карданд.

Муфтӣ Ғайнутдин аз Путин хост, аз рӯймоли хонандагон ҷонибдорӣ кунад

Аммо тибқи қарори ҳукумати Мордовия, дар макотиби минтақа на танҳо ҳиҷоб мамнӯъ аст, балки пӯшиши пойдомани кӯтоҳ, шими ҷинс, куртаҳои боз, ҳалқабандӣ дар чеҳра ва бо рангҳои баланд ранг кардани мӯйи сари шогирдон манъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол муфтии Русия Равил Ғайнутдин дар авоили моҳи феврал ба раиси ҷумҳур Владимир Путин бо номае муроҷиъат карда хоҳиш кард, ки ба шогирдони макотиб иҷозаи пӯшиши рӯйсарӣ дода шавад. Вай зикр карда буд, ки рӯйсарӣ нишони "мазҳабият" набуда, танҳо "намуди хоксоронаи пӯшиши либос" мебошад.

"Ин нишони мазҳабе нест ва "алорағми ҷомеъа" намебошад. Ин одат асрҳо хоси ҳамаи "бачагони Авраам" буд — яҳудиҳо, насрониҳо, мусалмонҳои ҳамаи равияҳо. Ва гузашта аз ин, ҳамаи халқҳои Русия бо фарҳанги қадимаи худ ин одатро доштанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишвари мо тӯли солҳои ахир барои паспорт бо рӯйсарӣ акс гирифтан иҷоза шудааст", — омадааст дар муроҷиати муфтӣ, ки матни он дар сойти расмии Шӯрои муфтиҳои Русия мунташир шуда буд.

Пӯшиши ҳиҷоб ва анвои дигари либоси мазҳабӣ дар макотиби дунявии Русия борҳо мавриди баҳсҳои доғи ҷомеъа қарор гирифта буд. Дар ин робита раиси ҷумҳури кишвар Владимир Путин изҳор дошта буд, ки дар пӯшиши ҳиҷоб дар муъассисоти таълимӣ ҳеҷ хубие нест: ба гуфтаи вай, ин одат дар Русия набуд ва ҳатто дар манотиқи мусалмоннишин низ ҳеҷ вақт набуд.

Дар Русия нахуст мақомоти кишвари Ставропол пӯшиши ҳиҷоб дар макотибро манъ кард ва Додгоҳи олии Русияро аз ин амр пуштибонӣ намуд. Вазири маориф ва илми Русия Дмитрий Ливанов изҳор дошта буд, ки шогирдоне, ки ҳиҷоб мепӯшанд, бояд дар макотиби мазҳабӣ таҳсил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0